Суди Олӣ рӯзноманигонро меомӯзонад

Аз 6-ум то 8-уми августи соли равон дар бинои иттифоқғои касабаи вилояти Хатлон дар доираи лоиғаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар рафти семинар намояндагон аз мақомотии судии шағру навоғии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Солеғ Завқизода, директори маркази таълимии судяғои назди Суди олии Ҷумғурии Тоҷикистон ба кори семинар оғоз бахшида, гуфт: «Дар шароити кунунии кишвар ва ҷаҳон, ки меҳвари асосии ҳаёти инсонро дастрасӣ ба иттилоот дар бар мегирад, кормандони мақомотҳои судии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва бахусус вилоятҳои Хатлону Суғд ва Бадахшонро зарур аст, ки то ҳамкориро бо намояндагони ВАО ҷоннок намоянд. Бо мақсади саривақт дастрас шудани иттилооти судӣ ба аҳолӣ, имрӯз ҳар як корманди суди дурдастарин минтақаро зарур аст кӯшиш кунад, иттилооти саривақтиро ба ВАО пешниҳод намояд ва мардум тавассути ин пули асосии пайвасткунандаи аҳолӣ бо сохторҳои давлатӣ аз фаъолияти мақомоти судии шаҳру ноҳияҳо огоҳ бошанд. Яке аз сабабҳои асосии миёни аҳолӣ атрофи кадом як ҳукми судӣ пайдо шудани ҳангомаҳои беасос ин дар саривақт дастрас нашудани иттилооти зарурӣ аст». Завқизода илова кард, ки имрӯз мардум ба ВАО таваҷҷуҳи зиёд доранд ва мо низ бояд тавассути расонаҳои иттилоотӣ аз кору фаълияти ҳамарӯзаамон ба аҳолӣ маълумот диҳем.
Дар кори семинар устоди калони илмии донишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Россия ширкат варзида, аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бобати роҳу равиши кор бо ВАО, омода кардани макону шароит, имкониятҳои баргузории семинару конфронсу нишастҳои матбуотӣ маълумот дод.
Дар қисмати амалии семинар оиди ҳукми судӣ вобаста ба моддаҳои 32 қисми 3, 401 прим 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сӯиқасди ҷиноят барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусалаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо аз ҷониби мушовири суди вилояти Хатлон Баҳодур Назаров ба таври амалӣ нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.
Намояндагони судҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зимни суолу ҷавоб бо мутахассисон аз ҳолатҳои гуногуни кор бо намояндагони ВАО саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар қисмати дуюми кори семинар, ки амалан сурат гирифт, аз ҷониби мутахассисони дастгоғи Суди олии кишвар тарзу воситаҳои кор бо дастгоҳҳои техникии иттилоотрасон, аз қабили кушодан ва ворид шудани ба сомонаҳои интернетӣ, ҷо намудани маълумоти зарурӣ ва дигар паҳлуҳои корбарии замони муосир омӯзонида шуд.

Ҷомӣ Халифаев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *