Тоҷикбача духтари миллионери қазоқро аробакаш кард

Саргузашти Лайлии қазоқ, ки ба хотири Маҷнуни тоҷик тарки Ватан намуда, ба азобҳои алим гирифтор шудааст

Ӯ шояд дар тамоми Тоҷикистон ягона зане бошад, ки дар қатори мардон дар бозор ароба кашида, бо арақи ҷабин рӯзи худ ва чор фарзандашро мегузаронад. Ин ҷавонзан аслан қазоқ аст, вале забони тоҷикиро аз баъзе тоҷикони забонгумкарда хубтар медонад. Элмираро ба Тоҷикистон ишқу муҳаббат овардааст. Ба хотири як ҷавонмарди тоҷик ӯ аз баҳри Ватан, падару модар ва зиндагии шоҳона дар зодгоҳаш Қазоқистон гузашта ба диёри мо омад, аммо ишқи  тоҷикбача ба ин духтари қазоқ ба ҷуз дарду ранҷу азоб дигар чизе надод…

(Идомааш дар шумораи №32 и ҳафтаномаи «Оила»)

         Бачаи очабезор

Соҳиб модарашро ба хонаи бесоҳибон бурду…

Бачам, ин кора накун! Ман ба гардани шумо бор намешавам, маро дар хона роҳ надиҳӣ ҳам, ақаллан мон, ки дар оғили холии говҳо зиндагӣ кунам. Хурду хӯрокат даркор не, ҳамсояҳоямон одамони хубанд, онҳо маро гуруснаю ташна намемонанд. Нони қоқ хӯрам ҳам, мон, ки мурдаам аз дарвозаи худам барояд,-зорӣ мекард кампир…

-Оча, гапа кам карда тезтар ба мошин шин, дер шуд охир,-Соҳиб мехост ҳарчи зудтар модарашро бурда, ба хонаи бепарасторон  партояд ва аз ҷак-ҷаки занаш халос шавад…

(Идомааш дар шумораи №32 и ҳафтаномаи «Оила»)

Ошиқони хира
Паҳ-арӯси харай, ячи девонашай….

 Баробари мо ду духтари либоси миллӣ бабардошта рафта истода буданд. Баногоҳ аз рӯ ба рӯямон як марди тақрибан 30-35- солаи беимон баромад ва якбора ба пешобағали яке аз он духтаракон чанг заду дандонҳои зарди баднамудашро нишон дода, бо писханд “ваҳ, кайф кардам” гуфт. Бечора духтаракро аз чашмонаш об мисли дарё шорид, аммо ягон кас ҷуръат намекард, ки ба он ҳаромзода чизе гӯяд. Тоқатам тоқ шуду дод задам: «Эй мурғ, ин чӣ кори кардагитай?!» Он шайтони дупо заррае шарм надошта гуфт: “кори ту чияй, и дхтари атат меша ё сухтат гирифт, тра нақапидм». Ман дигар тоқат накарда як «Олгули” (номи удар дар сар) обдор дар сараш фаровардаму ду-сетои дигар дар шикамаш «тӯҳфа кардам” ва он хурӯси бе ақл мувозинаташро гум карда ба замин афтид. Аз гулӯяш дошта гуфтам, ки ин огоҳӣ буд, дубора чунин кори аблаҳонаи туро бинам, зинда намемонӣ, аҳмақ…..
(Идомааш дар шумораи №32 и ҳафтаномаи «Оила»)

Ишқи духтари маъюб

Духтари 20-сола будаму дар аробачаи маъюбӣ нишаста , ҳамроҳи модарам сабзавотфурӯшӣ мекардам. Як рӯз ҷавоне аз наздам гузаро шуд ва аз афташ маро ҷугӣ гумон кард, ки як яксомонаро наздам гузошта рафт. Бо як нигоҳ ошиқи зори он ҷавони зебо гашта, бо алам аз пушташ нигариста мондам…

Аз он ки маро гадо фикр карда дар пешам пул партофта рафт, камтар ранҷида бошам ҳам, пули ӯро мисли гавҳараки чашмонам эҳтиёт мекардам ва ҳар шаб дар таги болиштам монда хоб мерафтам…

Аз байн чанд вақт гузашту як рӯз боз ҳамон ҷавон пайдо шуд ва дар наздам яксомонаеро монда гузашта рафтанӣ шуд. Бо чашмони гирён ба рӯяш нигоҳ карда гуфтам:

-Ман гадо нестам. Як сомони додагита то ҳол нобут накардаам, ҳар шаб дар таги болиштам монда хоб меравам.

Ҷавон ҳайрон шуда, саволомез ба ман нигарист…

Мехоҳед донед, ки ишқи ин духтари маъюб бо чӣ анҷом меёбад?

Пас, шумораи №32-и ҳафтаномаи «Оила»-ро дарёт намо!

 

 Барои дастрас намудани ҳафтаномаи «Оила» ба рақамҳои 918-63-31-63 дар тамос бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *