Суди олии Русия Одинаевро ба Тоҷикистон месупорад

Суди  олии Русия рӯзи 22-уми ноябр қарор кард, и Хуршед Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки таҳти пайгарди ин кишвар қарор дошт, ба ватан истирдод шавад.Дар ин бора Роза Магомедова, вакили дифои ӯ, ба сомонаи ҳомиёни ҳуқуқи «Медиазона» хабар додааст.Ба гуфтаи Магомедова, шаби 27 октябр афроди ношиносе даҳону чашмони Одинаевро баста, ӯро аз Боздоштгоҳи 3-и шаҳри Белгород дар бағочи мошин ба самти номаълум бурдаанд. Пас аз чанде дар канори роҳе дар ҳудуди Харков ӯро раҳо карданд.Одинаев рӯзи 4-уми ноябр дар ҳудуди вилояти Брянский боздошт шуд.Рӯзе баъд, додгоҳ ӯро ду ҳазор рубл ҷарима ва қарори хориҷ шудани ӯро содир кард. Хуршед Одинаев дар маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Брянск қарор дорад.Хонум Магомедова афзуд, ки моҳи октябр Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар қарор содир карда буд, ки бар асоси он супурдани Одинаев ба Русия ё кишвари дигарро манъ мекунад.Рӯзи 23-уми ноябр додгоҳи шаҳри Брянский бояд арзи вакилони дифои Одинаев дар бораи ихроҷи ӯ баррасӣ мекард, аммо ин ба таъхир афтод.Соли 2016 Одинаев бо ҳадафи истирдод ба Боздоштгоҳи Белгород интиқол ёфт. Ин мард дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар Тоҷикистон ӯро бар асоси модаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне «Зархаридӣ» айбдор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *