Як милисаи Суғд бо 80 кило нашъа ба даст афтод

Як корманди раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо ҳудуди 80 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш (чарси афғонӣ) дастгир шудааст. Ба дунболи боздошти ин мансабдори милиса, ба бозпурсӣ ва тафтиши кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд оғоз кардаанд.

Сомонаи «Ахбор» рӯзи 23 ноябр аз боздошт шудани як корманди раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо 80 килограм нашъа хабар доданд. Рӯзи 23 ноябр дар пайи боздошти ин корманди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, кормандони ин ниҳод бозпурсӣ шуда, Раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолияти онҳоро тафтиш карда истодааст.

Ин иттилоъро аз Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйид карда гуфтанд, ки ҳоло тафтиши ин қазия идома дорад.

Ин ҳам ҳанӯз рӯшан нест, ки сабаби тафтиши кормандони раёсати дохила аз ҷониби Агентии зидди коррупсия чист?

Исми мансабдори боздоштшуда ва дар куҷо ва чӣ гуна дастгир шудани ӯ низ ҳанӯз эълон нашудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш (чарс) – қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба Русия табдил ёфтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон тавассутим мақомоти интизомӣ аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддир мусодира карда мешавад. Бовар меравад, ки шабакаҳои қочоқбар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамдасту ҳаммаслак доранд, ки дар қочоқи маводи мухаддир ба қочоқбарон кумак мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *