Судоба Таҳмосбӣ — Эрон

Баъд аз ин…

Баъд аз ин бар сангфаршу дар хиёбонҳои шаҳр,

Радди поҳои туро меҷўям аз ҳар ҷойи шаҳр.

То қадамҳо аз масири пеши рӯ хоҳад суруд,

Ҳамсадоям, бо садои мубҳами наҷвои шаҳр.

 

То хаёлам бо ту дар ҳолу ҳавои гуфтугўст,

Маънии саргаштагиҳоям бароят ҷустуҷӯст.

Ҳар касе мегӯяд аз гумкардаҳои роҳи хеш,

Мисли ман бо интиҳои ҷодаҳояш, рӯбарӯст.

 

Меравам чун раҳгузарҳои ғарибу ошно,

Байни будан ё набудан мондаам беэътино.

Мекашам хатту хутути соддаеро аз убур,

Дар мурури хотираҳоят, ҳамеша бесадо.

 

Баъд аз ин, дар рафту омадҳои тунди рӯзгор,

Ҳамсадоям бо сабуриҳои фасли интизор.

То ки умрам бигзарад ҳар лаҳзааш бо ёди ту,

Месупорам лаҳзаҳоро дасти умри озгор.

 

Ҳамсадои хонаам вақте ки буғзаш мешикаст,

Ё нами борон ба рўйи пушти бомаш менишаст.

Ҳамсадои новдон будан, канори ҷўйи ашк,

Дар ҳавои дарди дилҳоям каме беҳудааст.

 

Дар ҳавои дарди дил, дар хилвати ҳар ҷойи  дур,

Ҳамсадоям бо садои синаи санги сабур.

Сояҳои ғам, ки меафтод рӯйи шонаам,

Нақши он пайдо нашуд ҳаргиз ба зери пойи нур.

 

То навиштам шеъре аз дурӣ, ҷудоӣ аз сафар,

Рӯйи девори тамоми кӯчаҳои бехабар.

Дидаам дар пойи деворе, ки ёде мондааст,

Менависад ёдгорӣ зери он як раҳгузар.

 

«Сорбон оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад»,

Бо садои дил, ки бар рӯйи забонам меравад.

Ҳамсадои захмҳои кӯҳнаи оҳаш ҳанӯз,

Аз ниҳодам, то ба авҷи осмонам меравад.

 

Бо шулўғӣ ҳамдаму ҳамроҳу ҳамово шудан,

Ҳамсадои бекасӣ дар гум шудан, пайдо шудан.

Нимашабҳо хастагӣ аз дардҳоям месуруд,

То саҳар бо дав-дави чашмони худ ҳампо шудан.

 

Мисли бунбасте, ки дар роҳаш надорад иддао,

Баъди ту холӣ шудам аз иштиёқи кӯчаҳо.

Ҳамсадои сангфаршӣ дар хиёбонҳои шаҳр,

Радди поят бесадо ҳамвора мехонад маро.

***

Бориши борон

Хостам аз сафари ишқ, гурезон бошам,

Дар масиру гузари ҳодиса, тӯфон бошам.

 

Байни ҳар маҳлакае, парсазанон, ҷойе амн,

Фикри оромиши дил, офияти ҷон бошам.

 

Истодам, ки нагўянд замин хӯрду шикаст,

Зери овор набинанд, ки вайрон бошам.

 

Ёди ман дода замона, ки дар гардиши бод,

Қомати хамшуда дар пайкари ларзон бошам.

 

Боварам кох, ки аз ҷинси кулӯхӣ месохт,

Зери сақфи гилиаш, дар пайи сомон бошам.

 

Дар куҷо киштии дарёи талотумзадаам,

То ба кай сахрае дар мавҷи хурӯшон бошам.

 

Гуфтам аз роҳи хаёлам ба саодат бирасам,

Кунҷи дунёи таваҳҳумзада, пинҳон бошам.

 

Беҳтарин ҳолати як зиндагии иҷборӣ,

Беҳтарин ҳолати як ҳоли парешон бошам.

 

Дил фурӯ рехт агар лаҳзаи ошиқ шуданам,

Бояд аз дилҳураҳо сахт ҳаросон бошам.

 

Бояд аз пойи ғуруре, ки билағзад, аммо,

Дар сарошебии эҳсос пушаймон бошам.

 

Сарнавишт ҳарчӣ ба пешонӣ худаш хост навишт,

Дасти ман нест агар ин бишавад, он бошам.

 

Дар варақҳои баҳамхӯрдаи ин дафтари шеър,

Хат ба хат мунтазири нуқтаи поён бошам.

 

Мисли он кас, ки шабеҳ ҳеҷ касе ҷуз ту набуд,

Хостам аз сафари ишқ гурезон бошам.

 

Хостам мисли ҳамон мӯъҷизаи охири ишқ,

Ҳама ҷо ҳеҷ, фақат бориши борон бошам.

***

Шуда як бор ту ҳам …

Шуда як бор ту ҳам, сахт дилозурда шавӣ,

Ҳама ҷо, бехабар аз ҳоли худат бурда шавӣ.

Мисли хокистари беҳосиле аз оташу дуд,

Марҳами захми пур аз дарди намакхӯрда шавӣ.

 

Шуда бо дасти худат, боз азобат бидиҳанд,

Аз хушӣ, лаззати андозаи хобат бидиҳанд.

Вой аз он чашмаи обе, ки ба ҳангоми аташ,

Ваъдаашро ба биёбони саробат бидиҳанд.

 

Ҳар нафас мунтазири рафтани ҷонат бишавад,

Рӯзу шаб хуни ҷигар қотиқи нонат бишавад.

Зиндагӣ саҳнаи ҷанге, ки дар он то дами марг,

Ҳисси вайрон шуданаш саҳми ҷаҳонат бишавад.

 

Хона аз гардиши айём, ки ғамгин шудааст,

Дару девор ба ҳар панҷара бадбин шудааст.

То ҳавои хафақоноваре дар хотираҳост,

Буғз ҳам бо тапиши қалби ту сангин шудааст.

 

Рафтаӣ аз дилу аз дида, ки осон биравӣ,

Чун насим аз гузари умр, шитобон биравӣ.

Чун насим бошию бо ёди гаванҳои кавир,

Ҳар куҷо, дар талаби хори муғелон биравӣ.

 

Зинда бошию ҳама мурда ҳисобат бикунанд,

Ошно бошию бегона хитобат бикунанд.

Ҳарфҳо пушти сарат монда, ки дар вақти видоъ,

Гоҳ бо гуфтани як ҷумла харобат бикунанд.

 

Ҳарфҳо пушти сарат монда дар ин синаи танг,

Шиша осуда нашуд аз хатари зарбаи санг.

Борҳо захм агар хӯрдаӣ, дармон шудаӣ,

Оқибат қотили ҷонат шуда як мушт ҷафанг.

 

Ту агар сӯхтаӣ, ҳосили хокистари ту,

Бишавад рӯйи танат, марҳаме дар бовари ту.

Ҳар замон чархи фалак навбати бозӣ бидиҳад,

Чӣ касе буда ба ҷуз дард фақат ёвари ту?

سودابه طهماسبی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *