Судяҳои қонуншикан чӣ тавр номзад ба раисӣ мешаванд?
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судии кишвар дар нимсолаи аввали соли равон гузориш ва ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.
Ба гуфти Ш. Шоҳиён, дар ин давраи ҳисоботӣ мақомоти судии кишвар дар маҷмӯъ 9551 парвандаи гражданӣ, 23556 парвандаи олиавӣ, 5910 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуданд.
Ба пурсиши хабарнигорон”, ки чӣ гуна номзадии афроди фасодкор то ба дасти Президенти ҷумҳурӣ мерасад ва номзадҳоро кӣ ба Президент пешниҳод мекунад, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт: «Раванди пешниҳоди номзадҳо хеле ҷиддӣ буда, фасодкории судҳо низ зиёд нест. Агар соли гузашта 3 судя ба қонуншиканӣ даст зада бошанд, имсол ҳамагӣ як ҳолат ҷой дорад”.
-Шахсоне, ки ба мақоми номзад ба судягӣ пешниҳод мешаванд, бояд давоми як сол ба ҳайси коромӯз кор кунанд. Коромӯз дар асоси озмун қабул мешаванд. Дар ҳайати гурӯҳе, ки имтиҳонро баргузор мекунад, намояндагони Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратура, Донишгоҳи миллӣ ва Агентии хизмати давлатӣ шомил буда, довталабон аз имтиҳони ҷиддӣ мегузаранд. Баъди як сол ҳар яки онҳо аз ҷониби Коллегияи тахассусӣ мавриди омӯзиши дигарбора қарор дода мешаванд ва хулосаи комиссия ба раиси Суди Олӣ пешниҳод мегардад. Дар навбати худ раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ номзадии ин ин ё он ҳуқуқшиносро ба Президент пешниҳод мекунад, -шарҳ дод Ш. Шоҳиён.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 июл бо имзои як фармон Исмоил Мирмахсумиён судяи Суди ноҳияи Рӯдакиро барканор кардааст.
Дар фармони барканории Мирмахсумиён, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи фаъолияташ дар ин мақом содир шуд, сабаб-риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо нишон дода шудааст.
30 июн дафтари матбуоти президент аз барканории Тоҷиддин Қурбониён, судяи суди ноҳияи Панҷ барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо хабар дода буд. Раиси Суди Олӣ мавриди Қурбониён гуфт, ки «ӯ дар гирифтани 1000 сомонӣ пора муттаҳам мешавад ва феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад».
Умуман, рӯзноманигорон дар нишасти матбуотӣ таъкид намуданд, ки теъдоди муроҷиат ва шикоят аз фаъолияти мақомоти судии кишвар ба васоити ахбори омма рӯз то рӯз меафзояд. Ин аз он далолат медиҳад, ки эътимоди шаҳрвандон ба адолати судӣ дар кишвар торафт коҳиш меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ