Сухангӯи пулиси Толибон бо ҷурми таҷовуз ба номуси писарбачае боздошт шуд
Дар Кобул сухангӯи пулиси радикалии Толибон (ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ), ки қудратро дар Афғонистон ба даст овард, боздошт шуд. Дар ин бора Aamaj News дар Твиттер хабар медиҳад.
Ба навиштаи рӯзнома, сабаби боздошти Ғулом Наби Мобин, ки ҳамзамон узви комиссияи фарҳангии Толибон буд, ифшо нашудааст. Шабакаи телеграмм «Sputnik Afghanistan» қайд мекунад, ки моҳи ноябр алайҳи ӯ бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси писарбача парванда боз шуда буд.
Қаблан Саид Тайиб, сафири Афғонистон дар Русия гуфта буд, ки дастикам 95 дарсади аҳолии Афғонистон дар фасли зимистон ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он ки дар ҳоли ҳозир муқовимати ҳамоҳангшуда ба Толибон аз берун вуҷуд надорад, он тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт. «Илова бар ин, Толибон аз дарун метарканд, зеро дар байни гурӯҳҳои мухталиф ихтилофоти зиёд вуҷуд дорад» гуфт сафир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ