Сухтор дар Филармонияи Давлатӣ, ҳақиқат ё овоза?
Хабари оташ гирифтани Филармонияи Давлатӣ барқвор паҳн гардид. Гӯё имрӯз тахминан соатҳои 12 ба 13-и рӯз бинои ин даргоҳи ҳунар ба коми оташ рафта бошад . Воқеан ҳам дуди ғализе аз минтақае, ки он ҷо бинои Филармония ҷойгир буд, осмонро фаро гирифта буд. Дуди ғализу сиёҳи оташ аз масофаи тӯлонӣ дида мешуд. Ба хотири дарёфти воқеияти ин гуфтаҳо хабарнигори tajikistantimes.com ба роҳбари Филармонияи Давлати Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев устоди санъат Афзалшоҳи Шодӣ тамос гирифт.
Ҷаноби Афзалшоҳ ҳақиқат доштани ин хабарро тасдиқ карда илова намуд, ки “ Дар таҳхонаи Филармония, ки корҳои таъмир рафта истода буд бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сӯхтори хурде ба амал омад. Дуди зиёдро роҳбари Филармония ба он маънидод кард, ки дар ҷойи ба амал омадаи сухтор пенопласт ва масолеҳи резинӣ буд бинобар ин дуди сиёд пайдо шуд. Аммо масоҳати сӯхтор хурд буда, ягон зарари ҷиддие ба бинои Филармония нарасидааст”.
Инчунин Афзалшоҳ Шоиев илова намуд, ки ин ҳама воҳимаву зиёд нишон додани сӯхтор кори дасти бадхоҳон аст, ки дар чунин як рӯзи таърихӣ, яъне қабули меҳмонҳои олимақом -сарони кишварҳои ИДМ мехоҳанд мардумро ба таҳлука андозанд.
-Айни замон оташ пурра хомӯш карда шуда, ягон нафар аз кормандон осебе набардоштааст ва хисороти ҷиддие низ ба амволи Филармония нарасидааст,-гуфт Афзалшо Шодиев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ