Ифтитоҳи маҷмаа ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар  деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як маҷмааи варзишӣ ва майдончаи варзишии ҳозиразамон ба истифода дода шуд.

Маҷмааи солимгардонӣ дар ноҳия яке аз калонтарин ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 1882,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Бино аз ду ошёна ва толорҳои барҳавои дорои 400 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст.  Дӯстдорони варзиш  метавонанд дар ин ҷо  мусобиқаҳои  волейболу баскетбол, гуштӣ, тенниси рӯйи миз гузаронанд. Таҷҳизоти маҷмааи солимгардонӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ харида шудааст.

Ҳамчунин  дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии №115-и деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппа майдончаи  варзишӣ барои бозии футболи хурд аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Баҳромҷон Иброҳимов мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *