Сулҳе, ки бо қимати ҷон ба даст омад…
Ба имзорасии Созишномаи сулҳ дӯстдорону некхоҳони Ватанро гирди ҳам овард, аммо зарбаи сахту ҷонгудозе гашт бар сари қудратталабону курсихоҳоне, ки оворагии миллат ба онҳо манфиат меовард.
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санаи муҳим ҳамчун рӯзу соли хотирмон дар афкору андешаи ҳар пиру ҷавон чун нақш болои санг гашт. Ба имзорасии Созишномаи сулҳ дӯстдорону некхоҳони Ватанро гирди ҳам овард, аммо зарбаи сахту ҷонгудозе гашт бар сари қудратталабону курсихоҳоне, ки оворагии миллат ба онҳо манфиат меовард. Маҳз ношукрии ин теъдод аз бадхоҳи Ватан буд, ки дар андак муддат неъмати Худовандӣ – осоишу фароғат дар Ватанро зуд аз даст доданд ва дубора гирдоби ғурбат онҳоро ба коми худ печонд…
Матлаби мазкур ёдгӯшаест аз ҷонбозиву заҳмату талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат ва теъдоде аз фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ. Ҳарчанд рӯйи раҳи сулҳҷӯёну ваҳдатофарон санг буду обу оташ, аммо ҳеҷ гуна садде сулҳро монеа нагашт ва билохира ранҷу талош ганҷи пурқимат – СУЛҲ-ро тақдими хурду бузурги кишвар гардонд. Сулҳи бадастомада хуне гашт дар шарёни миллат.
Таъсиси Гурӯҳи корӣ ва саддгузориҳои бадхоҳон
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи қатъӣ дода буданд, ки то охирин гурезаи тоҷикро аз хориҷи кишвар ба Ватан барнагардонад, дили ӯ ором нахоҳад гирифт. Баъд аз иҷлосияи мазкур, бо амри Сарвари давлат Гурӯҳи корӣ ҷиҳати аз Афғонистон баргардонидани гурезаҳо таъсис ёфт, ки сарварии он шахси кордону уҳдабаро зиндаёд Фарҳод Маҳкамов ба уҳда дошт. Шояд имрӯз аксар ғофил аз корномаи ин Гурӯҳи корӣ ва дигар афроди ватандӯст бошанд, ки бо қимати ҷон дастуру супориши Сарвари давлатро ҷиҳати бозпас гардонидани гурезаҳои тоҷик ба Ватан татбиқу амалӣ намуданд. Ҳарчанд бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон, як қисмати бузурги фирориёни тоҷикро дар 15 километраи шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мавсум ба кампи “Сахӣ” сарпараст буд, аммо қисмати дигар аз гурезаҳои тоҷикро дар манотиқи Қундуз ва Тахори Афғонистон, саркардаҳои мухолифин ва хоҷагони аҷнабиашон сарвару роҳбар буданд. Решаҳои тундравон дар кампи “Сахӣ” низ тору пуд танида, гаҳу ногаҳ мақсадҳои нопоки худро амалӣ мекарданд: ҷавонону наврасонро шомили дастаҳои ҷангӣ намуда, атфоли тоҷикро бо мақсади азхудкардани тахассус бо роҳи фиреб ҷалби макотиби исломии кишварҳои хориҷа намуда, аз бозгашти гурезаҳо ба Ватан роҳҳои мухталифи махуфонаи худро роҳандозӣ мекарданд.
Аммо Гурӯҳи корӣ оид ба бозгардонидани гурезаҳо ба ин ҳама хатару мушкилот нигоҳ накарда, 1 январи оли 1993 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон оғоз ба фаъолият намуданд. Бале, ҷонбозиҳои афродеро, ки дар бозгашти дастаҷамъонаи гурезаҳо ба Ватан саҳми муносиб доранд, аз забони касе ва иттилои ВАО нашунидаам, балки худ шоҳиди гӯёи он ҳама воқеоту ҳодисоту рӯйдодам, ки бо ҳукми тақдир замоне дар қатори дигар аз ҳамватанон муҳоҷиру овораю гуреза дар мулки афғон будам.
Занҳо — сипари зинда
Сараввал мардуми хайманишин, ки фирефтаи макру дасисаи бадхоҳон қарор доштанд, аз ташрифи ногаҳонии Гурӯҳи корӣ нороҳат гашта, хостанд садди мулоқоти эшон бо мардум шаванд. Бо ин мақсад, як теъдод аз занҳои фирефташударо дар воридгоҳи қароргоҳ рӯйи роҳи ҳайат ҳамчун сипари зинда қарор доданд ва занҳо қотеъона талаб доштанд, то Гурӯҳи мазкур вориди қароргоҳ нагарданд.
Сарвари Гурӯҳи корӣ Фарҳод Маҳкамов, ки хеле марди накухислат ва кордону хушмуомила буд, бо нармӣ аз мақсаду нияти неки Ҳукумати кишвар нисбат ба овораҳо сухан кард. Сухангӯйии Фарҳод-ако буд ва ё меҳри саршор аз муҳаббати модарӣ нисбат ба ҳар порахоки ин Ватан, ки модарон чеҳра кушоданду ҳайатро хуб пазироӣ карданд. Як нафар аз он занҳои аз аспи ҷаҳл фуромада бо овози нимгирифтаву дарду ҳасрат ба дигарон нидо кард: “Аз Ватаномадаҳо бӯйи Ватан меояд…” Ҳамин суханон басанда буд, ки села-села парандаҳои муҳоҷиру мусофиру аз лона дургашта назди ҳайат омада, якояк онҳоро ба оғӯш гирифта, талх мегиристанд… Он ашк ашки шодӣ буд, ки аз умеду боварӣ ба сулҳу баҳамоии миллат дарак медод… Дигар аз ҷавонмардони шомили ҳайати Гурӯҳи корӣ — Абдусаттор Айниев, Шералӣ Мустафоқулов, Анвар Ғайбуллоев (руҳаш шод бод), Нарзулло Сангинов, Баҳодур Бобохонов (рӯҳаш шод бод), ба ҳар гуна таҳдиду хатар ва бадгӯии теъдоде аз ҳамватани захмбардилу наздикону пайвандаздастдодагон рӯҳафтода нашуда, бо лаҳни хушу гуворо онҳоро ба Ватан даъват менамуданд. Аз чунин амалкарди Гурӯҳи кории ҳукуматӣ саркардагони мухолифин сахт нороҳат гашта, мехостанд зарба ба Гурӯҳ зананд. То ҷое иттилоъ доштам, гурӯҳҳои бадкору хусуматгаро мехостанд бо истифода аз зархаридорон дар шоҳроҳи Ҳайратон-Афғонистон ҳайатро мавриди террор қарор диҳанд. Дар меҳмонхонаи овозадори Барот-Ҳутал-и шаҳри Мазори Шариф, ки ҳайат он ҷо ҷойгир буд, як нафарро муваззаф карда буданд, то ҳайати Тоҷикистониро заҳролуд гардонад. Хушбахтона, тири бадхоҳон ҳадафи хок гашт.
Саҳми консулгарӣ дар сулҳ
Дар дигар аз манотиқи Афғонистон низ ҷавонмардони далеру шуҷои миллат ба хотири аз ҷаҳлу ҷаҳолат раҳо сохтани миллати роҳгумзада, фаъолияти пурсамар пеш мебурданд. Консулгарии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Қундуз ва Тахори Афғонистон фаъолият дошт, дар бозгашту таъмини амнияти паноҳандагони тоҷик саҳми муносиб дорад.
Як тан аз он родмардони Ватан — Шараф Файзуллоев, ки дар консулгарӣ фаъолият дошт, ҳамзамон пуле гашта буд миёни паноҳандагони тоҷик ва хешону пайвандони наздики онҳо дар Ватан. Маҳз фаъолияти ватандӯстонаи ӯ буд, ки бар қалби ҳазорон нафар аз оворатоҷикон шуълаи умед ба фардои дурахшон фурузон гардид.
Саркардаҳои мусаллаҳи мухолифин дар ҳамдастиву ҳамкорӣ ва маслиҳату машварат бо гурӯҳҳои зархарид ва хоҷагонашон, хостанд Шараф Файзуллоеву ҳамкорони ӯро мавриди террор қарор диҳанд. Аммо, хушбахтона, тарҳу нақшаи хунини бадхоҳон ба бод рафт.
Бозгашт ба Ватан
Моҳи майи соли 1993 авалин қатораи гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд. Баъдан чунин бозгашти дастаҷамъонаи гурезаҳои тоҷик аз минтақаҳои Қундуз ва Тахор тариқи бандари Шерхон низ амалӣ гашт, ки дар ин кори хайру савоб ва наҷоти миллат аввалтар аз ҳама саҳму нақши Пешвои миллат ва баъдан Гурӯҳи корӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар минтақаи Қундузу Тахор қобили ситоиш аст.
Имрӯз собиқ гурезаҳои замоне дар Афғонистон паноҳбурда аз он рӯзҳои сахту мушкил ёдовар шуда, изҳор медоранд, ки агар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бозпас баргардонидани онҳо ба Ватан иқдом пеш намегирифт, он гоҳ онҳо асиру гаравгону зархарид ва муздури гурӯҳҳои “Толибон”-у ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои табоҳкор дар Афғонистону хориҷ аз он буданд.
Бале, воқеан ҳам, баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон ва ба имзо расидани Сулҳи деринтизор, миллатро аз парокандагӣ раҳо ва бар тану ҷони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ нерӯ бахшид. Собиқ тоҷиковораҳое, ки замоне қурбони макру дасисаи бегонапарастон гашта буданд, имрӯз дар ҷоҳу ҷалоли хеш зиндагии осоишта доранд ва омодаанд, то дар муқобили ҳар гуна бадхоҳу бадкори миллат чун кӯҳи гарон истодагарӣ кунанд.
Ҷашни баҳамоӣ ва ваҳдату ягонагӣ муборак, миллати азияткашидаву сулҳофару ваҳдатовар!
Муҳиддин Идизода,
махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ