Ифтитоҳи роҳи нави автомобилгард дар Рашт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ карда шудааст, мавриди истифода карор дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ карда шудааст, мавриди истифода карор дод.

Бо саҳми соҳибкорон чанд сол қабл бештар аз 10 километр роҳи автомобилгарди Сари пул то шаҳраки Навобод мумфарш карда шуда, дар марҳилаи дуюм низ наздик ба 10 километри дигари роҳ дар идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ навсозӣ гардидааст. Мумфарш намудани роҳи маркази шаҳраки Навобод дар як муҳлати кӯтоҳ сурат гирифта, ду шафати роҳи мазкур чароғон карда шудааст.

Навсозии роҳҳои маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат давра ба давра таъмин гардад.

Зарфи як соли охир 41 километри роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, дар ҳама фаслҳои сол ҳаракати воситаҳои нақлиëт таъмин мебошад.

Зимнан, дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии зиëда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдоми ободкорона тадриҷан амалӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *