Султон Усмонов – саррежиссёри театри Лоҳутӣ таъин шуд

Султон Усмонов коргардони маъруфи кишвар саррежиссёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоевро иваз кард.
Таъиншавии Султон Усмонов ба ягона театри академӣ-драмавии кишвар дар ҳолест, ки мутахассисон вазъи ин театрро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Дар сӯҳбатҳо низ ҳунарпешаҳои ин театр аз набудани коргардони ҳирфаӣ дар ин муассиса изҳори норизоӣ мекарданд.
Як манбаъ аз Театри Лоҳутӣ хабар дод, ки Давлат Убайдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва собиқ саркоргардони ин театр худаш аз вазифаи ишғолкардааш истеъфо додаст.
Маҳмадулло Табарӣ театршинос ва мунаққиди театр мегӯяд, аз таъиншавии Усмонов ӯ умедвории зиёд дорад.
«Султон Усмонов яке аз режиссёрҳои шинохтаи минтақа аст. Ӯ як муддат дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор кард ва операҳои хуби «Рустам ва Сӯҳроб», «Амир Исмоил»-ро таҳия кард. «Ромео ва Ҷулйетта», «Турондухт», «Рустам ва Сӯҳроб», «Шабе дарозтар аз қарн» ва ғайра спектаклҳои хуби ӯ дар саҳнаҳои Театри русии ба номи Маяковский ва Театри давлатии ҷавонони кишвар аст. Ман умедворам, ки Султон сатҳи театри Лоҳутиро мебардорад.»
Султон Усмонов солҳои охир дар Театри давлатии академии тамошобини ҷавони шаҳри Алмаато кор мекард в аду маротиба ҳамроҳи театраш ба Душанбе барои ширкат дар Фестивали байналмиллалии «Нигоҳи нав» омада буд.
Савринисо Сабзалиева ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон низ саррежиссёр таъин шудани Султон Усмоновро ба хушнудӣ пазируфта мегӯяд, ки аз Султон Усмонов умедҳои зиёд дорад.
Султон Усмонов, Хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский буда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *