Ҳабси Фарзонаи Хуршед овоза аст ё ҳақиқат?

Рӯзи 24-уми сентябр сомонаҳои дурӯғпарокани «Азия Таймс” ва «Ҳамсинф” бо мақсади ҷалби хонандагони бештар овоза карданд, ки Фарзонаи Хуршед ҳангоми бозгашт аз сафари Амрико дар фурудгоҳи Душанбе бо 400 телефони iРhone 6 дастгир шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳ аст.

Диловари Мизроб, продюсери овозхони тоҷик Фарзонаи Хуршед рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” овозаҳои паҳншуда даро бораи боздошти ин овозхони шинохтаро рад кард. Диловари Мизроб гуфт, ин гузоришҳо, ки гӯё Фарзонаи Хуршедро ҳангоми бозгашт аз Амрико дар фурудгоҳи Душанбе бо 400 телефони iРhone 6 дастгир карда, ба СИЗО бурдаанд, ягон асоси воқеӣ надорад.

Продюсери овозхон гуфт, Фарзонаи Хуршед дар ҳоли ҳозир дар Душанбест ва машғули таҳияи таронаҳои нав мебошад. Ба гуфтаи Диловари Мизроб, Фарзона ҳеҷ гоҳ дар тиҷорати телефон даст надошт ва ба чунин тиҷорат рӯ оварданӣ нест, чунки ба ин ниёз надорад.

Диловари Мизроб ҳамчунин зикр кард, ки чанд сол пеш низ айнан чунин овозаро душманони Фарзонаи Хуршед барои сиёҳ карданаш паҳн карда буданд.

Як дӯсти дигари Фарзонаи Хуршед низ ин овозаҳоро дурӯғи маҳз номид: «Бубинед, навиштаанд, ки Фарзонаро бо 400 телефони iРhone 6 дастгир кардаанд. Охир дар ин байн iРhone 7, баъдаш iРhone 8 ва iРhone Х ба бозор даромад. iРhone 6 кайҳо аз муд рафт. Ҳоло кӣ iРhone 6 оварда мефурӯшад? Ва он ҳам 400 адад!”

Рӯзи 24-уми сентябр чанд расонаи интернетӣ, ки барои ҷалби хонандагони бештар асосан ба пахши ахбори пурвоҳима, вале бардурӯғ машғуланд, аз ҷумла «Азия Таймс” ва «Ҳамсинф” бо сарлавҳаҳои бадвоҳима хабар доданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Фарзонаи Хуршед ҳангоми бозгашт аз сафари ҳунариаш аз Амрико дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Душанбе ҳангоми тавассути як корманди ширкати рӯбучин ба таври қочоқӣ гузарондани 400 телефони iРhone 6 дастгир шудааст ва ҳоло дар СИЗО-и шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар ин хабар ҳамчунин гуфта мешуд, ки гӯё Фарзонаи Хуршед ҳангоми боздошташ доду вой мекард ва ба кормандони хадамоти гумрук таҳдид мекард, ки ҳамаашонро пайдо хоҳад кард.

Ин бори аввал нест, ки сомонаҳои дурӯғпарокан бо пахши чунин хабарҳои пурвоҳима бо мақсади ҷалби хонандагони зиёдтар дар ҳаққи овозхонҳои тоҷик туҳмат мекунанд. Дар саҳифаҳои ин расонаҳо тақрибан ягон овозхони шинохтаи тоҷик намонд, ки зиндонӣ нашуда бошад ё аз ҳамсараш ҷудо нашуда бошад.

Фарзонаи Хуршед 11- июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Падари ӯ шодравон Хуршед Рабиев корманди милиса ва модараш Сурайёи Қосим овозхон мебошанд.

Фарзонаи Хуршед низ роҳи модар ва хоҳари низ овозхонаш Шабнами Сурайёро пеш гирифт ва хеле зуд шӯҳрат пайдо кард.

Дар соли 2010 Фарзонаи Хуршед бо ҷурми мусоидат ба фирори ҷавони дӯстдоштааш Фаррух Қӯзиев (мулаққаб ба Кузя) аз боздошт дастгир ва ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Фарзонаро моҳи сентябри соли 2011 бар асоси қонуни афв аз маҳбас озод карданд.

Фарзонаи Хуршед соли 2014 бо овозхон Фаридуни Хуршед издивоҷ кард. Соли 2015 ин ҷуфт соҳиби духтар ва 17 августи соли 2016 соҳиби писар шуданд. Духтари Фарзонаву Фаридун Закия ва писарашон ба ёди Хуршед Рабиев, падари равоншоди Фарзона Муҳаммадхуршед ном дорад.

Дар соли 2015 Фарзона ва Фаридунро барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия масъулони танзими расму ойин 4000 сомонӣ ҷарима баста буданд.

Дар моҳи марти соли 2018 Фарзонаи Хуршед дар мусоҳиба бо барномаи «Аз дил ба дил” иқрор кард, ки аз Фаридун ҷудо шудааст, вале ҳарду дӯст боқӣ мондаанд.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *