Суманак, навъҳо ва тарзи омодасозии он

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонитарини миллати тоҷик буда, расму таомулҳои хоси худро дорост. Яке аз расмҳои суннатии он пухтупази хӯрокҳои миллии наврӯзист, ки асосан аз маҳсулоти донагӣ: гандум, лӯбиё, нахуд, кабудӣ ва гӯшт омода карда мешаванд. Маъмултарини онҳо суманак, далда, калапоча, шарбат аз хушкмеваҳо ва ғайраҳо мебошад.

Суманак дар миёни мардуми тоҷик ҳамчун рамзи баҳору Наврўзӣ шуҳрати беандоза пайдо карда, хўроки асосии дастурхони идонаи наврўзӣ гардидааст.

Дар миёни халқи тоҷик якчанд намуди омодасозии суманак вуҷуд дорад, ки яке аз маъмултарини онҳо суманаки дегӣ мебошад. Суманаки дегиро бо чунин тарз тайёр месозанд:

Бонувон 25 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне аввали моҳи март бо мақсади тайёр кардани суманак гандум омода мекунанд. Гандумро дар зарфи обдор гирифта, то нешзаниаш ҳар рӯз оби онро иваз мекунанд. Сипас, онро бо ғафсии 2-3 см дар лаълиҳо ҷой карда, дар ҷойҳои гарм мемонанду ҳар рӯз ба он об мепошанд. Ҳангоми бориши борон лаълиҳоро ба таги борон мемонанд. Вақте ки қади сабзаи он ба 5-10 см мерасад, якчанд зани маҳалла ҷамъ шуда, ба омода кардани суманак сар мекунанд.

Тайёр кардани суманак машаққати биёреро металабад. Чунки як нафар зан ба танҳоӣ ин таомро омода карда наметавонад. Бинобар ин, барои тайёр кардани он якчанд зан иштирок мекунанд.

Сипас сабзаи суманакро шуста бо корд реза мекунанд (дар замони ҳозир бо гӯштқиммакунак қимма мекунанд). Баъд аз ин он сабзаҳоро ба табақ гузошта, шираашро бо дастон ҷабида мегиранд ва ба деги 50-килогӣ андохта, болои оташ мегузоранд. Гоҳе барои тагсӯз нашуданаш ба он чормағз, орд ва ҳафт дона сангча низ ҳамроҳ мекунанд ва то вақти бомдод меҷӯшонанд. Ҳамаи занон бо навбат ва бетанаффус то субҳ бо кафгир онро мекобанд.

Бояд қайд кард, ки пеш аз тайёр шудани суманак сарпӯши дегро пӯшонида, як соат дам медиҳанд. Баъд аз ин суманак қаҳварангу болаззат шуда, омода мегардад.

Як вижагии суманакпазӣ дар он аст, ки занҳои тамоми маҳалла, то 30-40 нафар ҷамъ омада, аз шом то субҳ дар васфи суманак, баҳор ва Наврӯзӣ сурудҳо хонда, мерақсанд. Яке аз сурудҳои машҳури замзамашаванда “Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем” мебошад.

Суманакро пас аз тайёр шудан ба косаҳо гирифта, рӯи хони наврӯзӣ мегузоранд. Инчунин, суманакро ба ҳамаи ҳамсояҳо ва ёру рафиқону хешовандон ба хотири пешвози соли нави ҳақиқӣ, тандурустӣ, хушбахтӣ, фаровонии соли оянда тақсим мекунанд.

Ба ҷуз суманаки дегӣ дар Тоҷикистон боз навъҳои кулчагӣ, дегчагӣ, хурмагӣ ва ғ. низ мавҷуд аст.

Суманаки кулчагӣ ё тагиаловиро дар шакли кулча дар болои оташи дегдон мепазанд. Дар ҳоли ҳозир ин навъро дар тафдони барқӣ омода мекунанд.

Суманаки дегчагиро бо чунин тарз тайёр месозанд: Дар он ҷо шираи гандумро ба хамир илова мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳалво монанд мешавад. Қисми фатирро ба равған партофта, бо қошуқи чӯбин каф мезананд. Дар ҷараёни кафзании зиёд он шакли ҳалворо мегирад, ки баъд аз хунук шуданаш пора-пора ба қисмҳо тақсим карда, ба табақҳо мегузоранд.

Суманаки хурмагиро маъмулан дар хурма ҷудо карда, ба он каме орд ва равғани растанӣ меандозанд ва то субҳ дар хокистари гарми дегдон мемонанд, ки он шакли атоларо мегирад.

Ҳамин тавр, суманак яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз дониста мешавад. Сабзаи суманак — ин рамзи зиндагӣ, баҳор, бедории табиат, хушбахтӣ, шодмонӣ ва инчунин гирифтани ҳосили хуб дар соли нав аст, ки боз аз он суманак омода мекунанд. Таоми суманак дар ҷашни Наврӯз нақши асосӣ ва муҳимро мебозад. Мо наметавонем бе он Наврӯзро комил донем.

Аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои афсонавии симурғу парасту иборат буданд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки фарорасии баҳори файзбор дар кишвар пазируфта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *