Солшумории шамсӣ ва маъноҳои он

Омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз оғози солшумории миллии тоҷикон ва форсизабонон аст.

Ҳиҷрати паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) соли 622 ба шаҳри Ясриб (Мадинаи Мунаввара) оғози солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ — шамсӣ ва қамарӣ мебошад.

Фарқ миёни солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз шамсӣ дар он аст, ки солшумории шамсӣ аз қамарӣ 11 рӯз зиёдтар аст. Агар пас аз чанд рӯз соли 1402-юми ҳиҷрии шамсӣ фаро расад, дар солшумории қамарӣ он баробар ба соли 1444-ум аст.

Дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон аз солшумории ҳиҷрии шамсӣ истифода мебаранд.

12 моҳи солшумории ҳиҷрии шамсиро бо маъноҳояш дар зер меорем:

1. Фарвардин — нерӯи пешравӣ.

2. Урдибиҳишт — ростӣ ва покӣ.

3. Хурдод — офтоб, хуршед.

4. Тир — ситораи борон.

5. Мурдод — ҷовидонӣ.

6. Шаҳривар — шаҳриёрии нерӯманд.

7. Меҳр — дӯстӣ ва паймон.

8. Оббон — обҳо.

9. Озар — оташ, фурӯғ.

10. Дей — офаридгор.

11. Баҳман — андешаи нек.

12. Исфанд — фурӯтанӣ ва меҳри пок.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *