Наврӯз

Аз сикказанӣ то ришхарӣ. Чанд лаҳзаи ҷолиб аз таърихи Наврӯз

Доир ба асотири пайдоиши Наврӯз хонандагони арҷманд маълумоти кофӣ дар даст доранд. Аммо на ҳама кас доир ба воқеа ва ҳодисаҳои таърихӣ, ки ба Наврӯзу одатҳои он марбутанд, маълумоти кофӣ доранд. Дар зер бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии асримиёнагӣ чанд воқеаро нақл мекунем.

Кӯшиши бебарори Халифа

Дар замони хилофати Аббосиён, соли 282 ҳиҷрӣ / 895 мелодӣ халифаи араб Муътазид хост, ки номи ҷашни Наврӯзро дигар кунад. Онро на Наврӯзи эронӣ, балки Наврӯзи муътазидӣ номанд. Ҳамчунин санаи баргузор гаштани онро на дар якуми моҳи фарвардин, балки дар санаи ёздаҳуми моҳи ҳазирон қайд кунанд. Барои амалӣ гаштани ин кор вай супориш медиҳад, ки ба тамоми қаламрави кишвар мактуб фиристонанд ва номи Наврӯз ба номи халифа пайваст гардад ва он дар моҳи ҳазирон, ки ба моҳи июн рост меояд, ҷашн гирифта шавад. Ин воқеаро дар китоби «ал-Комил» Иззудин Алӣ ибни Асир (ҷ. 18, с. 301) нақл кардааст. Муаллиф эълон гаштани чунин тадбирро ба хотири осон кардани супоридани хироҷ — як навъ андоз аз ҳосили рӯёнида номидааст. Он замон мардум баробари фарорасии Наврӯз хироҷ месупоридаанд. Наврӯзи муътазидӣ дер давом накард ва он ба зудӣ аз байн рафт. Мардум боз Наврӯзро дар оғози моҳи фарвардин — ҳамал ҷашн мегирифтанд.

Ҳадяҳои наврӯзӣ

Дар ҷашни Наврӯз ба ҳокимону амалдорон ҳадя фиристодани зердастон кори маъмулӣ будааст. Чун ҳудуди кунунии Осиёи Миёна ва сарзамини Эронро арабҳо забт мекунанд ва амирони онҳо фармонравои ин минтақа мегарданд, ҳадяҳои ҷашни Наврӯз ва Меҳргонро аз мардум қабул мекарданд. Гоҳо ҳокимони чашмгуруснаву ҳарис бо сӯйистифода аз мансаби худ дар ситонидани ҳадяҳо ба зиёдаравӣ роҳ медоданд.

Яке аз хулафои араб — Умар ибни Абдулазиз, ки дар таърих бо адолати худ ном баровардааст, дар як мактубаш ба Уқба ибни Заръаи Тоӣ, ки масъули ҷамъоварии хироҷ буд, супориш додааст, ки ҳадяҳои Наврӯзу Меҳргон ва дигар хароҷоти мардумро вазнин накунанд ва маблағҳои аз ҳисоби ҳадяи наврӯзӣ ва амсоли инҳоро ба мардуми фақиру бечора тақсим карда диҳанд. Дар ин бора дар «Таърихи Табарӣ» (ҷ. 9, с. 3972) маълумот дарҷ гаштааст.

Подшоҳон на танҳо аз зердастон ҳадя мегирифтанд, балки ба онҳо худашон низ ҳадя медоданд. Ҳадяи наврӯзии подшоҳон ба лашкариён зини чинӣ, асп ва дигар аслиҳаи ҷангӣ будааст. Аз хӯрданиҳо ҳалво ва ширинӣ дар Наврӯз ҳадя мегашт.

Подшоҳони Сосонӣ дар ҷашни Наврӯз ва Меҳргон чунин одат доштаанд, ки ҷомаи зимистонияшонро дар Наврӯз ба дарбориён ҳадя мекардаанд, яъне бо ҳамин роҳ ба баҳори нав расидани худро нишон медодаанд. Дар ҷашни Меҳргон бошад, либоси тобистонаашонро ҳадя медодаанд.

Сикка дар ҳафтсин аз куҷо пайдо шуд?

Наврӯз дар баробари ҷашн будан лаҳзаи муҳим барои дуруст кардани корҳои давлатдорӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба шумор мерафт. Дар замони Сосониён одати наврӯзӣ чунон будааст, ки дар рӯзи нахустини соли нав — Навакрӯз ва ё Наврӯз пулҳои тангаро сикка мезадаанд. Он ҳамчун нишони оғози корҳои нав ба шумор мерафтааст. Имрӯзҳо мебинем, ки дар дастархони ҳафтсини наврӯзӣ сикка ва ё худ тангаро ҳам мегузоранд, ки он одат шояд боқимондаи сикказании замони Сосониён аст.

Бахшоиш дар иди Наврӯз

Одатан, дар ҷашни Наврӯз гуноҳи ҳамдигарро мебахшиданд. Бахусус дар сари дастархони идона бахшоиши гуноҳон ба назар мерасид. Дар кутуби таърих овардаанд, ки дар замони Хусрави Анӯшервон хони бузурги наврӯзӣ густурда буданд. Подшоҳ ҳам дар он ҷо ҳозир буд. Ба назари подшоҳ мерасад, ки як нафар меҳмон ҷоми зарринро ба ҷайбаш меандозад, яъне медуздад. Ғайр аз подшоҳ касе инро надида буд. Хусрав худро тавре вонамуд мекунад, ки ин корро надидааст. Шаробдори подшоҳ пай мебарад, ки як ҷоми тилло гум шудааст, ӯ ба ҳозирон хитобан мегӯяд, ки касе аз ҷашнгоҳ дур наравад, то ки ҷоми гумшударо ёбанд. Хисрав ин ҳолро дида, даст ба бахшоиши гуноҳи меҳмони наврӯзӣ мезанаду мегӯяд: «Он кас, ки ҷомро гирифтааст, боз нахоҳад дод ва он кас, ки дидааст, боз нахоҳад гуфт».

Подшоҳ бо ин кирдораш меҳмонашро аз хиҷолат раҳо кард ва ҷурми дуздии ӯро ба хотири ҷашни Наврӯз бахшид.

Ришхарӣ дар Наврӯз

Яке аз рисолатҳои ҷашни Наврӯз тозагӣ ва зебоипарастӣ аст. Хонатаконӣ, партофтани чизҳои нолозим ва амсоли инҳо ба хотири таъмини тозагӣ амалӣ мегардиданд. Дар таърих ришхарии наврӯзӣ ҳам ҷой доштааст.

Дар замони султон Ҳусайн Мирзо дар Хуросон марде будааст, ки риши ғӯлаи дароз ва ғафс доштааст, ки бино бар навиштаи муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз он риш ҷӯли шутур сохтан мумкин будааст. Ғафсӣ ва азаммати риши ин мард ба тамоми мамлакат овоза гашта буд. Он мард бо риши азими худ дар дӯкон нишаста, мардумро ба моли дӯконаш ҷалб мекардааст.

Дар фарорасии ҷашни Наврӯз Султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро ба амиронаш супориш медодааст, ки риши он мардро харидорӣ кунанд. Баъд аз харидани риш подшоҳ ба наққошон супориш медодааст, ки он ришро ба мисоли думи товус ранг карда, нақшҳо кашанд ва ороиши хубе созанд.

Шояд ин амали хандаовар ба назар намояд, аммо Султон Ҳусайн Мирзо дар арафаи Наврӯз ҳам марди ришғафсро намеранҷонид, ҳам мардумро аз касифии он риш наҷот медод ва ҳам аз риши ӯ чизи тамошобоб омода мекард.

Наврӯз дар аҳди муғулҳо

Муғулҳо баъди он ки сарзамини паҳновари мардуми тоҷику форсро ба даст оварданд, ба Наврӯз ҳамчун ҷашн муносибат мекарданд ва онро аз мардуми маҳаллӣ қабул доштанд. Вобаста ба ҷашни Наврӯз муғулон маросими додани унвони «баҳодур»-ро роҳандозӣ карда буданд. Хонони муғул дар Наврӯз ҷашн ороста, ба сарбозоне, ки сари душманро аз тан ҷудо кардаанд ва ё дар ҷангҳо корнамоиҳо нишон додаанд, унвони «баҳодур», яъне паҳлавонро медодаанд. Баҳодур минбаъд ҳамчун лақаби ифтихорӣ ба он сарбоз ва ё лашкаркаш илҳоқ мегардид.

Ислом РАҲИМОВ, устоди ДДХ ба номи Б. Ғафуров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *