Суоли хонанда: “Бой без правила” дар ислом равост?

Имрӯз навъи варзиши “Бой без правила” мӯд мешавад. Ба наздикӣ ҳамватани мо аз рӯйи ин навъи варзиш ба UFС роҳ ёфт. Ё Ҳабиб Нурмугамедов кумири ҷавонони имрӯза аст. Мегӯянд, ки ин навъи варзиш аз рӯйи дини Ислом манъ аст. Фаҳмидан мехостам, ки аз назари дини Ислом ин навъи варзиш раво ҳаст ё не?

СОБИР, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Посух:

Ҳар навъи варзише, ки дар он фармудаҳои шариат риоя мешавад, ҷоиз аст. Танҳо он навъи варзиш, ки ба саломатӣ ва руҳу равони инсон зарар дорад, шариат онро ҳаром қарор додааст. Мусулмон бояд ба варзише машғул шавад, ки ба ҷисму ҷон ва руҳу равонаш манфиат дошта бошад. “Бой без правила” агар ба саломатии инсон зарар расонад, дар вақти тамрин ё муҳориба агар зарбаҳо ба сару рӯ ё узвҳои нозуки инсон зада шаванд, пас он ҷоиз нест. Зеро Паёмабари Худо (с) ба рӯйи инсон заданро манъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *