Қарори Рустами Эмомалӣ барои мусофирбарҳои Суғд — Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор вуруди мошинҳои мусофирбар ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, шуруъ аз 21-уми октябр тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва боз аз ин терминал, ки дар дармадгоҳи шимолии пойтахт бунёд ёфтааст, мусофир гирифта, ба самти вилояти Суғд бармегарданд.

Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо наметавонанд вориди Душанбе гарданд. Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе номидааст.

Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобуси №52, №19 ва хатсайрҳои автобуси №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.

Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *