Суоли хонанда: Фақат беимон метарсад?
Ман аз танҳоӣ ва торикӣ метарсам. Шабона дар хона танҳо хоб карда наметавонам. Ҳамсарам мегӯяд, ки фақат одами беимон метарсад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад?
САИДҶАЛОЛ, ноҳияи Рашт
Посух:
Табиати инсонҳо гуногун аст, бархе шуҷоъ ҳастанд ва баъзе тарсу. Тарсидан гуноҳ нест. Бандаи муъмин бояд ҳамеша тарси Худоро дар дил дошта бошад, яъне доим пойбанди дастурот ва фармудаҳои Худованд буда, аз маъсият ва гуноҳон дурӣ ҷӯяд. Аммо, ҳамзамон, бояд шуҷоъ ва боғайрат бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ