Боз аҳдшиканӣ. Изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд ба амалҳои иғвоангези Қирғизистон (аудио)

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад,  ки сарфи назар аз имзои Протоколи № 42  аз 25-уми сентябри соли 2022 ва созишномаҳои батавофуқрасидаи дигар, ҷониби Қирғизистон иқдомоти барқасдонаи худро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар марз идома медиҳад.

Дар ин бора “Азия плюс” дар такя ба «Ховар» хабар додааст.

Дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд омадааст, ки «амалҳои иғвоангезонаи бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла омода намудани мавқеъҳои тирпарронӣ, сохтани хандакҳо ва сангарҳо, идомаи интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ба хати марз ва нақзи мунтазами ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, ки ба ноором кардани вазъ равона шудааст, далели равшани нақшаҳои муғризонаи ҷониби Қирғизистон мебошад».

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур кардаанд.

«Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022, далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба манотиқи марзӣ, ҳолатҳои латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, сангпартоӣ ба хонаву автомошинаҳои онҳо, инчунин ташкили постгоҳҳои назоратии ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд», — гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *