Овозаҳо асос надоранд! Роҳи “Душанбе-Чаноқ” боз аст (аудио)

Бахши ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз эълони баъзе маҳдудиятҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар дод.

Ин ширкат дар хабаре, ки чанде пештар дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” гузошт, навиштааст, ки шаби гузашта бориши барфу борон дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 — 160 баландии барф зиёд гардид.

— Кормандони филиали Ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт давом дорад. Бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзе маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд,- навишт ширкат.

Гуфта мешавад, ки ин маҳдудятҳо чандон зиёд нестанд ва танҳо ба мошинҳои боркаши ядакдор дахл доранд, ки бештар сабаби танба дар роҳҳо мешаванд.

Бино ба гуфтаи намояндагони ширкат, баъзе овозаҳо дар мавриди баста будани роҳ асос надоранд, мошинҳо аз ду ҷониб бе мамониат равуо доранд ва кормандони ширкати ёдшуда барои бехатарии ҳаракати мошинҳо сари вақт роҳро аз барф пок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *