Суоли хонанда: Магас либосро бенамоз мекунад?
Гоҳе ба баъзе ҳоҷатхонаҳое ворид мешавем, ки магасҳо мавҷуданд ва ба либос ё бадани мо менишинанд. Имкони ҳар дафъа ғусл ва иваз кардани либосро надорем. Аз нигоҳи дини мубини ислом магас дар либос бишинад, либос бенамоз мешавад ё не?
ЁҚУБҶОН, шаҳри Душанбе
Посух:
Магасҳое, ки дар ҳоҷатхона ба сару либос менишинанд, аз нигоҳи шариати ислом ягон зиёну зарар надоранд, зеро он олудагие, ки дар панҷаи магасҳо вуҷуд дорад, бағоят ночиз буда, аз рӯи зарурат мавриди афв қарор мегирад.
Шумо метавонед пас аз вузӯ ибодати худро бо хотири ҷамъ ба ҷо оред ва ба васваса роҳ надиҳед, зеро шариати ислом аз инсон машаққатро рафъ намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ