Табобати камхунӣ бо себ ва лаблабӯ

Салом!  Ман як зани камбағал ҳастам ва дар бисотам ҳамагӣ як духтар дорам. Намедонам аз сабаби ҳамеша хӯрокҳои бе гӯшт ва камғизо хӯрданаш бошад ё чизи дигар, ки духтарам ба бемории анемия гирифтор шудааст. Чанде пеш ӯро ба як ҷавон фотиҳа кардем ва бояд ба наздикӣ тӯйи арӯсиаш барпо шавад, вале духтарам бо сабаби камхунӣ тамоман беҳолу бемадор аст. Метарсам, ки фардо дар хонаи хушдоманаш гапшунав нашавад. Илтимос, ягон роҳи осони табобати камхуниро бигӯед, то ки духтарамро пеш аз тӯй табобат кунам.

САДБАРГ, аз шаҳри Ҳисор

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

— Хоҳари азиз, дар ҳақиқат яке аз сабабҳои асосии ба камхунӣ гирифтор гаштани инсон ин риоя накардан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ, истеъмол кардани хӯрокҳои камғизо ва норасоии йод ва дигар витамину минералҳо мебошад. Вақте ки кас ба хурду хӯроки худ диққат намедиҳад, организм аз норасии йод, сафеда ва дигар моддаҳое, ки барои фаъолияти бонизоми организм заруранд, танқисӣ кашида, дар натиҷа одам ба камхунӣ ва иллатҳои дигар гирифтор мешавад, бинобар ин, ба хурду хӯрок ва саломатии худу фарзандон, махсусан ба духтарон диққати ҷиддӣ додан лозим аст, чунки онҳо бояд дар оянда фарзандони солимро ба дунё оварда, модар шаванд. Ман ба шумо чанд давои хеле осонро тавсия медиҳам, ки камхуниро бартараф карда метавонанд. Ин давоҳо сарфи назар аз бой ё камбағал будан дар хонаи ҳар як инсон ёфт мешаванд, чунки чандон қимат нестанд.

Нусхаи аввал

Ин шабу рӯзҳо меваю сабзавот дар ҳама ҷо фаровону арзон аст ва ман боварӣ дорам, ки шумо ҳам дастурхони худро бе мева намемонед. Ҳамагӣ ним кило себ, ним кило лаблабуи сурх ва ним кило сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронед ва шарбаташонро гирифта, ба он камтар асал илова кунед. Ҳамаашро нағзакак аралаш карда, рӯзе 3 бор 20 дақиқа пеш аз хӯрок як қошуқӣ ба духтаратон диҳед. Мо ин давои содаро борҳо таҷриба карда дидем ва ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки агар ҳамин корро ҳар рӯз кунед, дар муддати як моҳ духтаратон ба пуррагӣ аз камхунӣ халос мешавад. 

Нусхаи дигар

Давои дигаре, ки камхуниро хелу хуб табобат мекунад, ин хуч аст. Ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро ба термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резад ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед то саҳар истад. Ба духтаратон бигӯед, ки рӯзона ба ҷойи обу чой аз ҳамин оби хуч нӯшидан гирад. Хуч саршор аз витаминҳо буда, дар муддати кӯтоҳ камхуниро бартараф месозад.

Нусхаи сеюм

Боз як давои осону арзони камхунӣ ин ҷав аст. Ҳар рӯз як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об 10-15 дақиқа ҷӯшонед ва ба он каме асал андохта, рӯзе 2-3 маротиба як пиёлагӣ ба духтаратон диҳед, камхуниро даво мебахшад. Саломат бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *