латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Барқ

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

— Канӣ гап зан, қувваи барқ аз куҷо ҳосил мешавад?

Талаба дар ҷавоб:

— Аз ҷангал.

Омӯзгор ҳайрон шуда, мепурсад:

— Чӣ хел аз ҷангал?

Талаба мегӯяд:

— Ҳамин саҳарӣ падарам риш гирифта истода буд, ки қувваи барқро хомӯш карданд. Падарам инро дида, гуфт: “Ин маймунҳо боз барқро хомӯш карданд-ку!”.

Шикоят

Дар қабули духтур бемор шикоят мекунад:

— Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад!

Духтур дар ҷавоб:

— Шумо каме муболиға кардед, падар! Барои дарди ҳама ҷоятон пулатон намерасад!

Падари фарзандон

Шавҳар занашро бо марди дигаре қапида, ҷаҳманди занашро зери шаттаву шаллоқ мегирад. Занаш ҳарчанд кӯшиш мекунад, ошиқашро халос карда наметавонад. Шавҳар ба шӯр омада, мегӯяд:

— Ту падарлаънат, боз ошиқатро ҳимоя мекунӣ?

Зан дар ҷавоб мегӯяд:

— Ӯро накуш, охир вай падари фарзандонат аст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *