Толеъномаи 23-юми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои он ки табъатон хира нагардад, аз атрофиён талаби зиёд накунед. Дар ҳама кор хушбин бошед, вале аз нақшаву ниятҳои худ ба касе нақл накунед. Бо нафароне робита намоед, ки фикру ақидаҳои шуморо ҷонибдорӣ намоянд. Дӯстони худро танқид накунед, вагарна миёнатон муноқишаву низоъ ба вуҷуд меояд.

Савр (21 апрел-22 май)

Зимни робита бо роҳбарият, дӯстдошта ё рафиқатон аз муноқиша худдорӣ намоед. Аз ҳад зиёд якравӣ ва нуқтаи назари худро ҷонибдориву пешниҳоди дигаронро танқид накунед. Дар ин рӯзҳо бо рафъ намудани мушкилиҳои рӯзгор ва оилавӣ машғул шавед. Барои он ки зери таъсири дигарон намонед, ба садои қалби худ гӯш дода, амал кунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи пурмоҷаро ва хеле вазнин аст. Баъди нисфирӯзӣ вазъият беҳтар мегардад. Ҳама корро ба дил наздик қабул накунед. Ба нафаре, ки аз шумо кумак мепурсад, ҷавоби рад надиҳед. Аз пайи табобати бемориҳоятон шавед, саломатиро ба таъхир нагузоред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳассосияти аз ҳад зиёди шумо ба тамоми паҳлуҳои зиндагиятон зарари худро мерасонад. Қабл аз он ки ба саволи нафаре посух медиҳед, нағзакак андеша намуда, оромиро аз даст надиҳед. Ҳамеша фикри обрӯву нуфузро кунед. Вохӯрӣ бо шахси дӯстдошта табъи дилатон сурат намегирад.

Асад (23 июл-23 август)

Барои он ки даромади пулиятонро зиёд гардонед, аз наздикони худ маслиҳат пурсед. Аксари зодагони мучали асад дар ҳама кор ба дӯстони худ такя мекунанд. Дар ин шабу рӯз асабатон хеле нозук мегардад. Наздикон шуморо танқид намуда, гапҳои пасту баланд мегӯянд. Баҳсу мунозираро бо наздикон ба дараҷаи муноқишаи калон нарасонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз имкони хайру сахо кардан фароҳам меояд. Ба ғаму андуҳ дода нашавед, беҳтараш дӯстон ё ҳамсояро ба меҳмонӣ даъват карда, табъи худро хуш созед. Одати аз дигарон талаби бисёр карданро партоед. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, аз чизҳои харидаатон на фоида мебинеду на қаноатманд мегардед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар зиндагиятон тағйироти ногаҳонӣ имкон дорад. Баъзе ҳодисаҳо бе иштироки шумо рух диҳанд ҳам, лаҳзаҳои гуворо мебахшанд. Нафаре ба дӯсти худ ошиқ мешавад ё баръакс дар симои ошиқи худ дӯстро дидан мехоҳед. Бо ҳар сабаби ночиз асабӣ шуда, наздикони худро ранҷониданатон имкон дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Нерӯятон хеле зиёд шуда, аз уҳдаи корҳои зиёде мебароед. Дӯстони дерин аз худ дарак дода, табъатонро болида месозанд. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед. Бо асбобҳои барқӣ сарукор нагиреду техникаи барқиро барои рӯзгор харидорӣ накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо наздикони худ муноқиша накунед, аз баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Беҳтараш роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо намоед. Корҳои ба таъхир гузоштаи худро ба анҷом расонида, табъатон болида мегардад. Пулро беҳуда сарф накунед. Агар нафаре аз пуштатон шуморо ғайбат кунад, худро ба карӣ зада гардед, беҳуда бо ин нафар сар ба сар нашавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Баъзе ғалатҳоеро, ки солҳои пеш содир намуда будед, имрӯз аз худ дарак медиҳанд. Табъи худро болида нигоҳ доред, он гоҳ ҳама коратон барор мегирад. Ба нафаре, ки дӯсташ медоред, имкон диҳед, ки ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир намояд. Нисбати нишонаҳои бемории зуком фориғболӣ зоҳир накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз нерӯятон пасту хоҳиши кор кардан гум мешавад. Аз як нафари меҳрубону хушбин ба шахси асабиву мунаққид мубаддал гаштанатон имконпазир аст. Табъи шуморо танқиди волидон ё бад шудани вазъи саломатӣ халалдор меосзад. Беҳтараш сафарҳоро ба таъхир гузоред. Меҳрубониву дастгириро аз шахси дӯстдоштаи худ эҳсос мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Хабарҳои аз роҳи дур омада ногаҳониву ногувор мешаванд. Барои аксари зодагони мучали ҳут наздикон беҳтарин дӯсту пушту паноҳ мегарданд. Яку якбора аз паси чанд кор нашавед. Ба нафароне, ки некияшонро дидед, миннатдорӣ баён карданро фаромӯш насозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *