Суоли хонанда: Нархи патент зиёд мешавад?

Аз Соли Нав нияти сафар кардан ба Русияро дорам. Бародарам мегӯяд, ки нархи патент барои муҳоҷирони корӣ дар Москва зиёд мешавад, вале дар ин бора ахбори муътамад наёфтам. Мехоҳам дар ин маврид равшанӣ андозед.

ШОҲРУХ, шаҳри Душанбе

— Дар соли 2023 нархи патент (иҷозатномаи корӣ) барои муҳоҷироне, ки дар Москва кор мекунанд, то ба 6600 рубл меафзояд. Дар ин бора Даря Мурченко, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав, сардори шуъбаи таҳлили андоз дар як нишасти Думаи шаҳри Маскав хабар додааст.

“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар фаъолияти ҳамешагии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”,- шарҳ дод Мурченко.

Имсол нархи патент дар шаҳри Москва барои хориҷиён моҳона 5900 рубл арзиш дошт.

Гуфта мешавад, ки афзоиши арзиши патент ҳаҷми даромади пойтахти Федератсияи Русияро 3 миллиард рубл зиёд мекунад. Маблағи патент пурра ба буҷаи Москва меравад.

Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши он аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд аз соли оянда 5720 рубл падохт кунанд, дар ҳоле, ки арзиши он ҳоло 4419 рубл аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *