Суоли хонанда: Пиёдагард ҷарима мешавад?
Писарам, ки донишҷӯст, барои гузаштан аз роҳ аз ҷониби кормандони БДА ҷарима шудааст. Оё ин ҷарима қонунӣ аст?
САОДАТ, шаҳри Душанбе
— Бале, ҷаримаи писари шумо қонунӣ аст, агар ӯ аз ҷойе роҳро убур карда бошад, ки барои пиёдагардон иҷозат нест. Илова бар ин, шуруъ аз 28-уми ноябр Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти махсус таҳти унвони «Пиёдагард»-ро эълон кардааст, ки то 7-уми декабр идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин амалиёт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон мебошад. Мақомот мегӯянд, ки дар бархе ҳолатҳо омилони сар задани садамаҳои маргбор маҳз роҳгузарон мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид, ки бар асоси он ҷаримаи пиёдагардон ҳудуди 6 баробар афзоиш ёфта, барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Феълан як нишондиҳанда муодили 64 сомонӣ буда, мутаносибан ба пиёдагардоне, ки қоидаро вайрон мекунанду роҳро аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, 32 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо аз 1 то 2 нишондиҳанда, муодили 64 то 128 сомонӣ ҷарима таъйин мешавад.
Мопеду велосипедсаворҳои маст барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 128 то 192 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ