“Тоҷиксодиротбонк”, ба арзи собиқадорон рас!

Мо пасандозгузорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, собиқадорони меҳнат, нафақагирон Саидов Раҳмон ва Қурбонов Тӯйчӣ Арбобович маблағеро, ки барои рӯзи “мабодо” дар ин бонк амонат гузоштаем, то ҳол бозпас гирифта наметавонем. Ҳол он ки, мувофиқи банди 2-юми шартнома, бояд бо дархости аввал бонки мазкур маблағи моро пардохт мекард.

“Тоҷиксодиротбонк” пас аз муфлисшавӣ ва гузаштани салоҳияташ ба Бонки миллӣ то имрӯз амонати моро барнагардонидааст. Борҳо ба масъулини бонк барои баргардонидани маблағи худ муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа аст.

Синнамон ба 80 расидааст, барои хариди доруворӣ ва ҳақи нигоҳубини табибон маблағе надорем. Дар тӯли умр заррае ҳам бошад, барои пешрафти Тоҷикистон саҳми худро гузоштаем.

Аз масъулони Бонки миллӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор хоҳиш менамоем, ки ба арзи мо расанд.

Раҳмон САИДОВ,

Тӯйчӣ ҚУРБОНОВ, сокинони шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *