Роғун

Чаро аз сохтмонҳои азим филм сабт намешавад?

Замони шӯравӣ дар бораи бунёду сохтмонҳои аср, аз қабили НБО “Норак”, Канали Вахш, Заводи Алюминий ва дигар иншооти азим филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ сабт шуда, дар кинотеатр ва телевизионҳо ба намоиш гузошта мешуданд. Вале чаро аз сохтмонҳои азими замони Истиқлол чунин филмҳо сабт намешаванд?

Дар 31 соли соҳибистиқлолии кишвар сохтмонҳои азиме аз қабили НБО “Сангтӯда”, нақбҳои “Истиқлол”, “Данғара”, роҳи Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Бохтар, НБО “Роғун” сохта ба истифода дода шуданд. Вале аз ин сохтмонҳо, ҳаёти кормандони онҳо на филми ҳуҷҷатӣ сабт гардиду на филми бадеӣ.

Аз Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика, Кумитаи сохтмон, Вазорати фарҳанг, масъулони маънавиёт ва идеологияи Ҳукумати кишвар, Киностудияи “Тоҷикфилм” ва телевизионҳои кишвар хоҳиш мекунем, ки дар ин масъа андеша кунанд.

А. САЪДУЛЛО, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *