Суперлигаи Тоҷикистон бо ширкати 8 даста оғоз шуд
Рўзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта Чемпионати Суперлигаи футзали Тоҷикистон, ки дар он ҳашт даста ширкат мекунанд, оғоз шуд.
Дар мусобиқа дастаҳои «Равшан» (Кўлоб), КМВА (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе), «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Пойтахт» (Душанбе), «Самандар» (Турсунзода) ширкат мекунанд.
Дар бозии марказии даври аввал дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе мусовӣ бозӣ карданд. Ба голи задаи Парвиз Раҳматов душанбегиҳо бо зарбаи дақиқи легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода посух доданд.
Дар вохўрии дигар голи бозигари дастаи мунтахаби футзали Қирғизистон Айдар Абдуҷалил уулу ғалабаи «Истиқлол»-ро бар «Истаравшан» таъмин сохт.
Дастаи «Равшан»-и Кўлоб дар майдони худ бар барандаи медали биринҷии мавсими гузашта — тими «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ғалаба кард ва дар ҷадвали мусобиқа зинаи якумро соҳиб гардид. Дастаи нави Суперлига КМВА-и пойтахт бошад, дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби 6:3 пирўз шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ