Ба таваҷҷуҳи милитсия: Беадабро ҷазо мебояд! (аудио)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби як марди солхӯрда аз ҷониби як ҷавон нашр шуд, ки бисёриҳо амали ҷавонро маҳкум карданд.

Дар навор дида мешавад, ки дар кӯча ҷавони дар тан куртаи сафеду шими сиёҳ, ки ба зоҳир 17 ё 18-сола ва эҳтимол хонандаи мактаб ё донишҷӯ аст, аз гиребони марди калонсоли дар тан либоси фақирона гирифта, таҳдиди задан мекунад. Ин ҷавон баъди радду бадали дашном марди калонсолро, ки тавре ба назар мерасад, мариз низ ҳаст, дашноми қабеҳ дода, сипас ба сару рӯяш муштборон мекунад. Ӯро аз пой меафтонад, вале баъди дар рӯи замин афтодани марди калонсол ҳам латукӯби бераҳмонаи ӯро идома медиҳад.

Дар сабт дида мешавад, ки ин лаҳзаҳои латукӯби марди калонсолро чанд ҷавони дигар тамошо доранд, вале ҳеҷ кадоми онҳо дар байн намедароянд, то он мардро аз зери борони мушту шаппотии ин ҷавон халос кунанд. Баръакс, барои задан ҳамовозӣ мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин ҷавони беадабро пайдо карда, нисбаташ чораҳои қонунӣ бинанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *