«Супертрактор»-ро сиёҳ карду ба бало монд

Раёсати бозрасии давлатии вилояти Хатлон як ҷавонро барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои трактораш ҷарима кардааст.

Зоир Ҳайитов, ронадаи трактори тамғаи “Т-28” муваззаф ба пардохти се ҳазор сомонӣ шуд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр хабар дод, ки ҳафтаи гузашта ин ронандаи трактор ҳангоми як рейд дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа боздошт шуд. Ба гуфтаи манбаъ, Ҳайитов далели сиёҳшиша кардани тракторашро ба кораш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, ҳангоми шудгор чашмонашро офтоб мезанад, аз ин рӯ хост, тирезаҳои тракторашро сиёҳ кунад.Дар Тоҷикистон бе пардохти боҷи давлатӣ сиёҳ кардани шишаи воситаҳои нақлиёт иҷоза нест. Соли 2009 ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки бо супурдани 2 то 3 ҳазору 200 сомонӣ вобаста ба навъи нақлиёт шишаҳои сиёҳро истифода кунанд.Барои нақзи қонун то 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *