Панҷакент: Ҷазои зинокор (Видео )

Дар Интернет видеое бо номи «Зинокор аз Панҷакент” нашр шудааст, ки дар он як ҷавон бо сару рӯи хунолуд иқрор мекунад, ки шабона ба хонаи як ҳамдеҳаашон даромада, бо духтаре, ки ҷияни соҳиби хона будааст, алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Ин видео чанд рӯз пеш дар сомонаи Ютуб нашр шудааст. Дар навор танҳо чеҳраи хунолуди ҷавони муттаҳам ба зинокорӣ дида мешавад ва садои дасти кам ду нафар шунида мешавад, ки ӯро «бозпурсӣ” мекунанд. Аз сару даҳони пурхуни ҷавон бармеояд, ки ӯро қабл аз навор гирифтан шадидан латукӯб кардаанд.

Ин ҷавон, ки ба пушт хобидааст ва дигарон болои сараш истодаанд, дар ҷараёни бозпурсӣ бо чеҳраи тарсолуда эътироф мекунад, ки шабона баъди намози хуфтан хонаи як сокини маҳаллӣ бо номи Н. даромада, бо ҷияни ӯ бо ном Г. ишқварзӣ кардаст. Ӯ дар аввали видео эътироф мекунад, ки як бор бо ин духтар алоқаи ҷинсӣ ҳам кардааст. Дар давоми ин видео, ки 6 дақиқа давом мекунад, ин ҷавон аз эътирофи аввалаш даст мекашад ва мегӯяд, бо он духтар алоқаи ҷинсӣ надошт, вале вақте боз фишораш меоранд, дубора эътироф мекунад, ки алоқаи ҷинсӣ кардаанд, вале ҳамагӣ як бор.

Ҷавон ҳамчунин мегӯяд, ки телефони духтарро як моҳ пеш пайдо карда, бо ӯ робита барқарор кардааст. Қарори мулоқоти охирро ӯ ва Г. ҳамон рӯзи ин ҳодиса вақте дар деҳаи бозии волейбол мерафт, бо телефон гузоштаанд.

Нафароне ки ӯро боздошт ва латукӯбу «бозпурсӣ” мекунанд, зоҳиран ҳамон вақти қарор гузоштани ин ҷуфт чизеро пай бурдаанд, ки аз паси ҷавон таъқиб кардаанд.

Ҷавон мегӯяд, як соат дар хонаи Н. буд ва вақте аз тиреза берун мерафт, боздошт шуд. Аз лаҳни сӯҳбати яке аз пурсандаҳо бармеояд, ки дар ҷавоб ба зино нисбат ба ин ҷавон ба ғайр аз латукӯб дигар кор ҳам кардаанд, вале дар ин бора фақат бо ишора ҳарф мезананд ва ҷавон ҳам гуфтаҳои онҳоро эътироф мекунад.

Ӯ аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ мекунад ва мегӯяд, ки дигар асло ба чунин коре даст нахоҳад зад. Вале пурсандаҳо мегӯянд, ки ин наворро ба дасти соҳиби хона хоҳанд расонд.

Маълум нест, ки ҳамдеҳагон бо латукӯби ин ҷавон иктифо кардаанд ваё ӯро ба мақомоти милиса супурдаанд. Дар ҳар сурат, дар ин чанд рӯзе ки аз нашри ин видео мегузарад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Панҷакент дар бораи ошкор шудани чунин як ҳодиса расман хабаре нашр накардаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон муҷозоти худсаронаро манъ ва барои ин муҷозот муқаррар кардааст. Вале ҳар сари чанд вақт аз ин ё он гӯшаи Тоҷикистон дар бораи ҷазодиҳиҳои худсарона, хусусан марбут ба ҷинояту кирдорҳои ғайриахлоқӣ хабарҳо ба даст мерасанд.

ДИҚҚАТ! ВИДЕО ДАШНОМ ҲАМ ДОРАД, МУТАВАҶҶЕҲ БОШЕД!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *