Супоридани эътимоднома ба Шоҳи Нидерланд
15 феврали соли 2017 дар шаҳри Гаага маросими аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ба Аълоҳазрат Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр супоридани эътимоднома баргузор гардид.
Тибқи таомули кишвар ва муқаррароти ташрифотии он, Сафири Тоҷикистонро ба Қасри Подшоҳии “Нордайнде” дар фойтунҳои салтанатӣ горди саворанизоми хосса ҳамроҳӣ карданд.Қаравули фахрӣ саф ороста, сурудҳои миллии ду кишвар садо доданд.
Пас аз ба анҷом расидани маросими супоридани эътимоднома байни Сафири навтаъйини Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд мулоқоти дуҷониба сурат гирифт. Эркинхон Раҳматуллозода салому паёмҳои гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аълоҳазрат Подшоҳи Нидерланд тақдим дошт ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳким ва густариши равобити созандаи ду кишвар, бо самту равандҳои ҷадид ғанитар сохтани онҳо ва густариш додани равобити Тоҷикистону Нидерланд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, махсусан дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, иброз дошт.
Подшоҳи Нидерланд, ки ҳангоми валиаҳд буданаш тайи чанд сол роҳбари яке аз сохторҳои СММ оид ба об буд, ин пешниҳодро дастгирӣ намуд.Ҳамзамон ӯ, бо изҳори таваҷҷуҳи хосса ба вазъи минтақа ва Афғонистони ҳамҷавор, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, имкониятҳои рушди минбаъдаи равобити иқтисодӣ таъкид дошт, ки Нидерланд ҷонибдори таҳкиму тавсеаи равобити созанда бо Тоҷикистон аст.
Дар фарҷоми мулоқот Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр аз Сафир хоҳиш кард, ки салому орзуҳои некашро ба мардум ва Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бирасонад.
Дар чаҳорчӯби сафар ба шаҳри Гаага, Эркинхон Раҳматуллозода бо намояндагони расмии кишвари иқомат ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ як қатор мулоқотҳои судманд барпо намуд. Аз ҷумла, мулоқотҳои дуҷониба бо Президенти Суди байналмилалии ҷиноӣ Силвия Фернандес де Гурменди, Муовини Директори Европол Олдрич Мартину,Муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Роналд ван Ройденва сардорони як теъдод раёсатҳои марбутаи ин Вазорат барпо гардиданд, ки дар онҳо мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили ҳамкорӣ ва шарикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ