Суръати интернет баланду нарх паст мешавад. Ваъдаи раиси нави Хадамоти алоқа
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ниҳоди таҳти роҳбарии ӯ барои бознигарии нарх ва сифати алоқаи мобилӣ талош менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои таъминкунандаи интернет вазифадор шудаанд, ки нархи хизматрасониро коҳиш дода, сифати онро беҳтар намоянд.
Зимнан, ӯ таъкид кард, ки барои таъмини алоқаи мунтазам, бахусус дар рӯзҳои сарди зимистон ва боришот, бо ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” созишнома ба имзо расидааст. Тибқи ин санад, ширкат пойгоҳҳои интернетрасонро бо нерӯи барқи доимӣ таъмин хоҳад кард.
Дар идомаи нишасти хабарӣ Исфандиёри Саъдулло аз шурӯи тадбирҳо барои гузариш ба технологияи 5G дар доираи дастури Президенти кишвар хабар дод ва афзуд, ки марҳилаи амалӣ намудани ин иқдом дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ