Сурия: ДИИШ-гарон 24 нафарро куштанд
Дар пайи ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» дар наздикии урдугоҳи паноҳандагон, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия, дастикам 24 нафар кушта шуд. Ҳодиса рӯзи 2 май рух дод.
Биноба маълумоти гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Сурия, ки вазъи кишварро назорат мекунанд, ҳамла ба деҳкадаи Раҷм-ас-Салибӣ, хати ҷабҳаи байни шибҳанизомиёни Курд ва минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ сурат гирифт.
Эътилофи курдҳо ва арабҳо, бо пуштибонии Амрико мехоҳанд «пойтахт»-и гурӯҳи даҳшатафкани «Давлати Исломӣ» — шаҳри Раққаро ба даст биёранд. Дар тӯли соли гузашта эътилоф тавонист ҷангиёни ДИИШ-ро аз чандин минтақаи муҳими шимол берун кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ