Суруди тоҷикӣ, аммо бо оҳанги арабӣ
Сарояндаи ҷавону хушовози тоҷик Ёсамин Давлатова таронаи навашро бо номи “Куҷоӣ ту?” ҳамроҳи Зайн нашр кард.
Ёсамин Давлатова суруди “Куҷоӣ ту?”-ро бо равиш ё оҳанги машҳури “Guli Mata”-и сарояндаи марокашӣ Саад Ламдҷарред омодаву таҳия кардааст.
Таронаи мазкур дар даҳ соати аввали нашраш наздики 50 ҳазор маротиба шунида шуд, ки шумораи зиёд гуфта мешавад.
Матни суруд ба Зайн Шамсиддин ва Раҳмияи Аюбӣ тааллуқ дошта, ҳамчунин муаллифи аввал танзими садоро ҳам анҷом додааст.
Намоҳанги “Куҷоӣ ту?” бо услуби афсонавӣ, ки ба “Барби” монанд аст, сохта шудааст. Дар он танҳо ду нафар иштирок карда, барои ҳамдигар суруд мехонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ