Латукӯби директори мактаб Умеда Турсунова

Умеда Турсунова, директори мактаби №28-и ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистонро латукӯб кардаанд.

Баъди ин директори мактаб осеби майнаи сар ва ҷароҳатҳои дигар бардоштааст. Акси Умеда Турсунова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ба нақли шоҳидон, Умеда Турсуноваро ҳамсари яке аз омӯзгорони мактаб латукӯб кардааст.

Ба иттилои мақомоти прокуратураи вилояти Сурхондарё, ҳамсари омӯзгор директорро барои «беасос кам кардани соатҳои корӣ» латукӯб кардааст.

Гумонбар боздошт ва аз рӯи ҳодиса парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *