Сурудхонӣ дар васфи президент маън карда шуд
Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» иҷрои таронаҳо бахшида ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро манъ кард.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири «Ӯзбекконсерт» Азамат Ҳайдаров мухолифати худро ба истифодаи ном ва кори раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар таронаҳо ва ҳамчунин матнҳои номуносиб эълом дошт. Вай гуфт, ворид кардани симо ё порчаҳои видеоии шахсиятҳо ва махсусан раҳбари давлат ба тарона ва клипҳо ба меъёрҳои ахлоқу одоб дуруст намеояд.
Ин ишораи Ҳайдаровро дар ҷаласаи ниҳодҳои давлатӣ вазири фарҳанги Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, овозхонон метавонанд, дар бораи кишвар, миллат ва дигаргуниҳо суруд хонанд. «Инро касе манъ намекунад», — гуфт ӯ ва пешниҳоди машварат кард.
Пештар бозигари синамо ва овозхони 49-сола Дилфуза Исмоилова дар суруди нави худ «Саломат бошад султони ин мулки зебо» президент Шавкат Мирзиёевро «сояи Худо дар замин» номид. Узви Иттифоқи оҳангсозони Ӯзбекистон, мусиқишинос, Равшанбек Матҷонов гуфт, ки дар давраи раҳбарии президенти нахустини кишвар Ислом Каримов эҷоди мадҳу сано дар ҳаққи ӯ имконнопазир буд ва баъзе аз овозхонон ҳатто барои чунин таронаҳо ҷазо дидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ