Раисҳо мурданд, вале то ҳанӯз ҳам аризаи ин зани 58 сола бе имзо аст

Имрӯз зани миёнасоле ба идораи сомонаи “tajikistantimes.tj” омада, аз зиндагии имрӯза ва доду бедоди ба сараш омада шикоят намуд.

Зан, Қанбарова Ҷамина  ном дошта, дар н. Рӯдакӣ,  колхози 1-май истиқомат мекунад. Сабаби ба идораи сомона омаданаш дар он аст, ки номбурда соҳиби 5 фарзанд  буда, чор нафарашон бо сабаби гирифтори бемори сафедхунӣ дар айни ҷавонӣ аз дунё гузаштаанд. Айни замон Қанбарова Ҷамина бо як духтари 26 солаи маъюбаш сарсону саргардон буда, бар замми ин бо сабаби надоштани ҷойи зист дар хонаи бародараш рӯз мегузаронад.

Тавре, Қанбарова иброз намуд баъди он, ки хонаву дарашро барои табобати фарзандон аз даст додааст, чандин маротиба барои гирифтани замин ба Ҷамоати деҳоти Қӯштеппа муроҷиат намуда, вале бо гузашти солҳо чандин раиси ҷамоат ва раиси ҳукумати ноҳия иваз шуданду аризаи Ҷамина бе имзо монд.

Ин зани азияткашида, бо ашки шашқатор ва гардани каҷ дари садҳо масъулинро кӯфта бошад ҳам касе даъвояшро ба эътибор нагирифтааст. Ӯро ҳатто борҳо мисли саг аз дари идораву ҷамъоатҳо зада пеш кардаанд. Имрӯз умеди ягонаи Қанбарова Ҷамина ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст. Хоҳиши ягонаи ин зан ба даст овардани ҳамагӣ 2 сотих замин аст, то ки дар он кулбачае сохта, бо фарзанди маъюбаш беминнат умр ба сар бубарад.

Нафароне, ки саргузашти ин занро аз забони худаш донистан мехоҳанд, ба рақамҳои зеррин 919-87-31-45 тамос гирифта метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *