“Тӯби тиллоӣ” насиби кӣ мешавад?
Нашрияи интернетии Goal раддабандии навшудаи фаворитҳои ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, довталаби асосии пирӯзӣ собиқ ҳамлагари дастаи “ПСЖ” ва ҳозира тими «Интер Майами» ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Лионел Месси боқӣ мемонад. Дар ҷои дуюм футболбози «Манчестер Сити» ва тими мунтахаби Норвегия — Эрлинг Ҳоланд қарор дорад. Дар сегонаи беҳтаринҳо собиқ ҳамдастаи Месси дар “ПСЖ” — Килиан Мбаппе ҷойгир шудааст.
10 рейтинги беҳтарин чунинанд:
1. Лионел Месси («ПСЖ», тобистон ба «Интер Майами» гузашт).
2. Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»).
3. Килиан Мбаппе («ПСЖ»).
4. Винисиус Ҷуниор («Реал»).
5. Кевин Де Брёйне («Манчестер Сити»).
6. Родри («Манчестер Сити»).
7. Илкай Гюндоган («Манчестер Сити», тобистон ба «Барселона» гузашт).
8. Виктор Осимхен («Наполи»).
9. Хулиан Алварес («Манчестер Сити»).
10. Роберт Левандовски («Барселона»).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ