толенома

Толеъномаи 7-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз аз кумаку маслиҳат пурсидан шарм надоред. Дар атрофатон шахсоне ҳастанд, ки шуморо хуб мефаҳманд ва барои ёрӣ расонидан розигии шуморо интизоранд. Ҳамалҳои мардина имрӯз мавриди таваҷҷуҳи зиёди занҳо қарор мегиранд. Барои ривоҷи минбаъдаи кориатон мулоқоти имрӯза муҳим аст. Дар охири рӯз баъзе андешаҳои ҳамсаратон шуморо нороҳат месозад.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Имрӯз шуморо баъзе хабарҳо хушҳол месозад. Дӯстони деринаатон шуморо ба шабнишинӣ даъват мекунанд. Барои анҷоми нақшаҳоятон қувваи зиёд сарф мекунед. Вақти он расидааст, ки ба намуди зоҳириатон аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Охири рӯз мушкилиҳои пулиатон ҳалли худро меёбанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар аввали рӯз зуд-зуд бо шахсоне, ки боиси хира гаштани табъатон мегарданд, рӯ ба рӯ мешавед. Нимаи дувуми рӯз корҳое амалӣ мешаванд, ки табъатонро болида мегардонанд. Умуман дар ин рӯз бо навгониҳо рӯ ба рӯ мешавед. Мавзуҳои корҳои шахсиятон дигар шуда, он ба табъи дилатон анҷом меёбад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Саратонҳо ҳамеша ба коре банд ҳастанд. Бекор нишастан бароятон даҳшат аст. Барои хулосабарорӣ шуморо лозим аст, ки фикрҳоятонро ҷамъ намоед. Бештар шуморо фиреб мекунанду эътиборатонро латма задан мехоҳанд. Ҳангоми интихоби дӯстон саросема нашавед. Кӯшиш кунед, ки мавзуҳои оилавиро ба мавзуҳои корӣ омехта накунед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Хабарҳои муҳимро дар аввали рӯз ба шумо мерасонанд. Барои оромии ботиниатон баъзеи онро сарфи назар намоед. Нимаи дувуми рӯз лозим аст, ки ба хотири анҷом додани кори хона аз баъзе корҳои дигар даст кашед. Нисбати фарзандон беэътиноӣ накунед. Шом бо онҳо ба сайругашт равед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Тамоми рӯз табъатон болида мегардад. Барои дар ҳаёт устуворона қадам гузоштан касеро монеагӣ накунед. Дар назари атрофиён ҳамчун шахси муваффақ баҳо мегиред. Вақти он расидааст, ки аз нақшаҳои шахсиатон як муддат дурӣ ҷӯед. Баъзе ҳолатҳои ғайриинтизор рух доданаш имкон дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Барои нафарони зери ин бурҷ буда имтиёзҳои зиёд вуҷуд доранд. Дӯстони зиёд аз гӯшаҳои ҷаҳон онҳоро меёбанд. Ҳамчунин, додугирифт бо соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ мусбат анҷом меёбад. Имрӯз аз корҳои рушдёбанда канораҷӯӣ намуданатон нохуб аст. Кӯшиш кунед бо наздикон дар тамос бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Имрӯз ба корҳои беҳуда ҳамаи қувваю дармонатонро сарф накунед. Ба корҳои ҷиддӣ машғул мешаведу баҳои баланд мегиред. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои вобаста ба маблағ пешорӯятон меоянд, ки ҳалли худро меёбанд. Шом мулоқоти ошиқонаи деринтизоратон амалӣ мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Имрӯз бояд аз худхоҳии хеш даст кашед. Корҳои наздиконро сари вақт баробар намуда, пасон ба кори худ даст мезанед. Дар қисмати дувуми рӯз хабарҳои нохуш мешунаведу онҳоро аз худ дур кардан мехоҳед. Ба эҳсосот дода нашавед ва аз сари қаҳру ғазаб ягон амале накунед, ки оқибат ба пушаймонӣ оварда расонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Ҳаёти шумо вобастагӣ аз касе мекунад. Он чизеро, ки худатон мехоҳед, намешавад. Барои нафарони заҳматкаш рӯзи бобарор хоҳад буд. Бисёри ҷаддиҳо ба корҳои хона машғул мешаванд. Худро аз бемор шудан нигоҳ доред ва аз хӯрдан ва нӯшидани ғизоҳои хунук худдорӣ намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Имрӯз имконияти машғул шудан ба кори дӯстдоштаатонро пайдо мекунед ва хушҳол мегардед. Бояд барои корҳое, ки шуморо қувваю нерӯи зиёдатӣ медиҳанд, шуғл варзед. Дар назди шахсони наздик аз дигарон сухан накунед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Вақти он расидааст, ки корҳои нобасомони хонаро ба анҷом расонед. Таъмиру рангпардозӣ. Бештари ҳутҳо мафҳуми оиладориро нав дарк намудаанд. Ҳамаи қувваи худро ба он равона созед, ки дар оилаатон муҳити солим нигаҳдорӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *