Тӯфони шадид дар роҳҳои Қазоқистон

Беш аз 2400 мошин ва 5000 нафар дар роҳҳои Қазоқистон аз сабаби тӯфони барфӣ ва ях дармондаанд.

Вазъияти душвортарин дар пайроҳаҳо аз шаҳри Сарашаган ва Балхаш ба сӯи Караганда аст.

Дар ин бора SputnikKZ хабар медиҳад.

Пештар дар ҳамин роҳ садамаи нақлиётии оммавӣ бо иштироки 19 мошин рух дода буд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русияро  наҷот доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *