Тӯёнаи Фараҳманд Каримов бо усули хос

Фараҳманд Каримов, овозхони хушсадои тоҷик дар ютубканали шахсиаш суруди навашро бо номи “Шоҳу арӯси мо” нашр кард.

Суруди “Шоҳу арӯси мо” мазмунан тӯёна аст ва чунин таронаҳоро сарояндагон дар дохили тарабхонаҳо хонда, наворбардорӣ мекунанд. Вале Фараҳманд Каримов намоҳанги сурудашро бо усули нав, яъне ҳам қаҳрамонҳои воқеӣ ва ҳам дар тарабхона таҳия кардааст.

Дар намоҳанг дида мешавад, ки духтар вақти тамиз кардани хона аз муш метарсад ва ҷавони хизматрасон ба хонаи ӯ маҳсулот меорад. Ҳамин тавр, онҳо бо ҳам шинос шуда, унс мегиранд ва дар ҳамон тарабхонае, ки дар пардаҳои гуногуни намоҳанг сурудхонии Фараҳманд Каримов падид меояд, тӯй мешаванд.

Дар намоҳанги мазкур ҳавҷнигори маъруфи тоҷик Муқимҷон Абдуфаттоев нақши падари духтарро бозидааст.

“Шоҳу арӯси мо” чунин мисраъҳо дорад:

Гулбанду гулфишон, шоҳу арӯси мо,

Пайванди бехазон, шоҳу арӯси мо.

Ҷуфти накӯтарин, дар кураи замин,

Бошед ҷовидон, шоҳу арӯси мо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *