Тақвими рӯз: 65-солагии Шамсиддини Насриддин

Имрӯз журналисти маъруфи мо Шамсиддини Насриддин ба синни 65-солагӣ мерасад.

Соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.

Соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.

Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.

Соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.

Соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия ва Точикистон шомил мебошанд.

Соли 2010  Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарқшиноси барҷаста,  Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи  шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *