иди Сада

Таҷлили бошукуҳи Сада дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Садаро бо тантана таҷлил карданд. Чорабинӣ аз афрохтани гулхан ва намоиши маҳсулоти гуногун оғоз гардид.

Дар аввал Давлаталӣ Саид — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ва меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳ ва дарахтони гуоногун дидан карданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ Давлаталӣ Саид гуфт: “Боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Ин ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла маросими Сада, ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаи гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд”.

Гуфта шуд, ки саҳми кишоварзони вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар хеле назаррас арзёбӣ гардида, 53 дарсад ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80 дарсад полезӣ, 64 дарсад ғалладонагӣ, 68 дарсад пахта, 61 дарсад сабзавот, 68,6 дарсад пашм, 58 дарсад гӯшт, 51 дарсад шир, 46 дарсад мева, 42 дарсад ангур ва 75 дарсад моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад.

Дар охир чанд нафар заҳматкашони беҳтарини сол ва фаъолон бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *