Файзобод

Чорабинии идона барои ятимон дар чойхонаи “Наврӯзӣ”-и Файзобод

Ба муносибати Ҷашни Сада барои ятимон дар чойхонаи “Наврӯзӣ”-и ноҳияи Файзобод чорабинии идона доир гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Бобишо Холзода иштирок намуда, ин қишри ҷомеаро ба муносибати ҷашн табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо ва хонаи обод таманно намудааст.

— Зикр гардид, ки дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маъюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Инчунин, раиси ноҳия ба ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болидаруҳ гардидани кӯдакон барномаи рангини консертӣ баргузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *