тренинг

Мактаби зимистонаи МАТ дар Хоҷа Оби Гарм

Аз 15 то 23-юми январи соли 2023 дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм Мактаби зимистонаи Медиа Алянси Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он 12 нафар донишҷӯёни факултети журналистика, блогерҳои ҷавон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён аз шаҳри Душанбе, НТҶ ва вилояти Хатлон гирд омада, ба онҳо дарсҳои назариявӣ ва амалӣ омӯзонида шуд.

Хабарнигори “Радиои Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфзод ба иштирокдорон роҷеъ тарзи навиштани хабар ва омода кардани гузориш ва ҳуқуқшиноси “НАНСМИТ” Суҳроб Пӯлотов аҳамият ва риояи меъёрҳои ахлоқии байналмилалии журналистикаро фаҳмониданд.

Далер Шарипов, рӯзноманигор ва муаллифи барномаи «Китобхон» техникаи мусоҳиба ва Маҳрам Холов, оператори телевизиони “HD-и Душанбе” тарзи дурусти аксбардорӣ, наворбардорӣ ва таҳрири наворҳо, кор кардан бо чанд камера ва танзими садоро омӯзониданд.

Ба ғайр аз дарсҳои назариявӣ, иштирокчиён имкони амалӣ доштанд, ки дар шароити воқеӣ бо қаҳрамонони воқеӣ аксбардорӣ ва наворбардорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки мактаби зимистонаи Медиа Алянси Тоҷикистон аз ҷониби Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *