Тағийроти кадрӣ. Аз Душанбе то Хатлону Бадахшон (ном ба ном)
Имрӯз, 7 январ бо қарору фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Хатлон ва кумитаву чанд муассисаи олии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Камолиддин Муминзод бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Ба ҷойи ӯ Ҷамшед Ҷумахонзода раиси кумитаи мазкур таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд:
—Давлатзода Усмон Гул бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Бобозода Раҳим Бозор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Зеваршоев Зеваршо Тайғуншоевич бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Давлатқадамов Бахтовар Саодатқадамович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумхуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»;
—Ятимзода Муҳаммади Аҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»;
—Назирмадзода Бахтиёр бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Раҳимзода Баҳодур Карим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Қаландарзода Ҳабибулло Қаландар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд:
—Табарзода Ҷамшед Авзал раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Муродзода Аҳмадхон Амрохон директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
—Маҳбатшозода Арабгул Абдулназар директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»;
—Раҳмонзода Амрулло Абдулло роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»;
—Зуҳурзода Хуршед Ҳасан муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Ҷамолзода Абдуғаффор Абдуҳамид муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Шарофзода Фарҳод Разоқ директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;
—Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;
—Сафозода Абдумаҷид Карим ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;
—Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ директори Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;
—Ширинзода Наҷмуддин Асомадин директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;
—Муминзода Мустафо Одина муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд:
—Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон;
—Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;
—Мардзода Одинашо Миршаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
—Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:
—Мирзозода Иброҳим Холмурод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон;
—Иброҳимиён Акмал Комилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;
Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
—Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 7 январ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, наздик будан бо аҳолӣ, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ривоҷ додани корҳои созандагию ободонии кишвар ҳидоят намуданд»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ