Тағироти кадрӣ дар мақомоти суди Тоҷикистон

Бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ судя бо сабабҳои расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи будан ва гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод шуданд.

Ин тағироти кадрӣ 30 июн сурат гирифтааст.
Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Оқилзода Бахтиёр Даврон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд ва Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *